Конфронси Россия-Точикистон

 

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон   

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми декабри соли 2016 соати 10:00 дар ш. Душанбе, дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» Конфронси 5-ум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор мегардад. Дар чорабинӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди таҳлил қарор мегирад.

Таъсисдиҳандаи Конфронс Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд аз нишонии зерин маълумоти муфассалро гиранд:

Тел: 221 67 78, 221 34 74 ва 223 06 69.

Нишонӣ: ш. Душанбе, х. Рудакӣ 38/1, Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза», ошёнаи 2.

Последние записи