Семинар 29.11.2016

 

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон   

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 29-уми ноябри соли 2016, соати 17:00 дар толори Меҳмнохонаи «Шератон»-и ш. Душанбе Семинар дар мавзӯи «Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ташкилкунандагони чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ш. Душанбе мебошад.

Дар чорабинӣ масъалаҳо дар соҳаҳои туризм, алоқа, маснуоти саноати бофандагӣ (текстил) фарматсевтика ва туризми тиббӣ, соҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон масъалаҳои бонкӣ мавриди таҳлил қарор мегирад.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Бақайдгирӣ: соати 17:00

Замима: Барнома.

 

Маълумоти муфассал: 223 06 69, 221 58 38.

Emailmembers.tpptj@gmail.com  

Последние записи