Мизи мудаввар 6.01.2017

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 6-уми январи соли 2017 соати 09:00 дар толори Палатаи савдо ва саноати         Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар оид ба муҳокима намудани «Низомнома ва тартиби фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо» баргузор мегардад. Ташкилкунандаи чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

 

Маълумоти муфассал: 

Тел: 223 06 69, 937004545, 221 58 38.

Email: members.tpptj@gmail.com  

Последние записи