Исрофил Бобоҷонзода: «Ҳалномаи арбитраж дар давлатҳои хориҷӣ низ амалӣ мешавад»

Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ институти навтаъсис дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон буда, аслан баҳсҳои иқтисодиро баррасӣ мекунад. Вобаста ба зарурати таъсис, тафовути он аз судҳои иқтисодӣ, тарзи баррасии баҳс ва интихоби арбитрҳо, иҷрои ҳалнома ва дигар паҳлуҳои фаъолияти арбитраж бо раиси он, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн суҳбат оростем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

 — Соли 2015 Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Зарурати он дар чӣ буд?

— Барои таъсис додани чунин як институти нав дар фазои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд омил, пеш аз ҳама, соҳибистиқлол гардидани кишвар мусоидат кард. Замони шӯравӣ муносибатҳои хориҷиро мақомоти иттиҳодӣ амалӣ мекарданд ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ чунин салоҳиятро надоштанд. Аз ин рӯ, вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд, муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки ба воситаи мақомоти Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мегардид, канда шуд. Пас аз он ки Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард,  лозим буд, ки ин муносибатҳоро оҳиста-оҳиста барқарор кунад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро, қариб ки ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинох­танд ва кишвари мо чун давлати мус­тақил узви созмонҳои гуногуни байналмилалӣ гардид. Яке аз рӯйдодҳои муҳим узви Созмони умумиҷаҳонии савдо гардидани Тоҷикистон мебошад. Барои ворид гардидан ба ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ  мушкилоти зиёде дар пеш буд, зеро талабот хеле ҷиддӣ аст, ки дар сурати иҷро накардани он давлат ба узвият пазируфта намешавад. Бинобар  ин, дар давоми чанд сол Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ, иқтисодиёт ва муносибати хориҷии худро ба он мутобиқ намуд. Ғайр аз ин, дар ин давра чанд шартнома, паймон ва конвенсияҳои байналмилалиро эътироф намуда, ба он ҳамроҳ шуд, ки яке аз онҳо Конвенсияи Ню-йоркии соли 1958-ум мебошад. Ин Конвенсия иҷрои қарор, ҳалнома, санадҳои Арбитражи байналмилалиро пешбинӣ менамояд.

Бинобар муносибатҳои нави иқтисодӣ зарурат пайдо шуд, ки дар баробари судҳои давлатӣ мақоме бошад, ки баҳсҳоро баррасӣ ва ҳал намояд. Ҳамин гуна институт Арбитражи байналмилалӣ мебошад, ки таърихи зиёд дорад. Он дар асрҳои XVIII-XIX пайдо шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ зарурати ташкил намудани чунин институт ба миён омад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон супоришу дастурҳои махсус доданд. Дар кишвар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул шуд, ки давраи сеюми иҷрои он рафта истодааст. Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ки барои ширкатҳои дохиливу хориҷӣ, сармоягузорон ва соҳибкорон бояд фазои мусоидро муҳайё кард, ки тавонанд озодона фаъолият кунанд. Солҳои 2004-2014 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳбарии раиси он Шариф Саид  Марказ оид ба тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо дар бораи судҳои ҳакамӣ ва Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ташкил шуд, ки дар он мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқи кишвар ва хориҷ ҷалб шуданд. Ин марказ ду лоиҳаи қонунро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷа, моҳи марти соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» қабул шуд.

Яке аз сабабҳои таъсиси арбитраж шароит фароҳам овардан ба соҳибкорону ширкатҳои ватании дар Тоҷикистон фаъолияткунанда мебошад.

— Барои баррасӣ кардани баҳсҳои иқтисодӣ судҳои иқтисодӣ фаъолият мекунанд. Фарқ миёни арбитраж ва судҳои давлатӣ дар чист?

— Ширкатҳо, сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ ба судҳои давлатӣ он қадар бовар надоранд. Онҳо мехоҳанд ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс мақомоте онро  ҳал кунад, ки ба Давлат ва Ҳукумат ягон муносибат надошта бошад, то ин ки ба ӯ таъсир расонда натавонанд. Бартарии арбитраж аз судҳои давлатӣ дар он аст, ки арбитрро худи тарафҳо интихоб мекунанд. Илова бар ин, як рӯйхати тавсиявӣ қабул намудем, ки дар он мутахассисону олимони варзида ҷой дода шудаанд ва 30 фоизи ин рӯйхат аз ҳисоби мутахассисони хориҷӣ аст. Мо 60 нафарро интихоб кардем. Новобаста аз ин, тарафҳои баҳс метавонанд, ки арбитри дигарро интихоб намоянд. Яъне, барои тарафҳо имконияти зиёд пешниҳод шудааст. Арбитраж  нисбат ба судҳои давлатӣ дар як муддати хеле кӯтоҳ баҳсҳоро ҳаллу фасл менамояд. Масалан, агар дар судҳои давлатӣ баҳс солҳои дароз тӯл кашад, мувофиқи қонун баҳс дар арбитраж дар муддати 6 моҳ ҳаллу фасл мегардад ва қарори қабулнамудаи он қатъӣ мебошад. Дар судҳои иқтисодӣ чанд зина мавҷуд аст ва кафолат нест, ки дар он зинаҳо ҳалнома тасдиқ мегардад ва ё бекор карда мешавад?

Илова бар ин, арбитраж мурофиаро пӯшида мегузаронад, инчунин тарафҳо дар шартномаашон метавонанд пешниҳод намоянд, ки бе иштироки онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳо арбитраж ҳалнома барорад.

Дар таҷрибаи байналмилалӣ санаде, ки ҳатмӣ будани ҳалномаи қабулнамудаи судҳои давлатиро пешбинӣ менамуда бошад, мавҷуд нест. Ҳалномае, ки арбитраж  қабул мекунад, дар давлатҳои хориҷӣ бе мамониат қабул мешавад. Чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Ню-йоркии соли 1958-ро эътироф намудааст, ки қариб 150 давлати ҷаҳон ба вай ҳамроҳ аст ва дар он иҷрои ҳатмии санадҳои Арбитражи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

 Хароҷоти арбитрро кӣ бояд пардохт кунад?

— Хароҷот ба зиммаи тарафҳост. Баъд аз анҷоми баҳс хароҷот аз тарафе, ки баҳс­ро бохтааст, рӯёнида мешавад.

 Дар судҳои давлатӣ зинаҳои гуногун мавҷуд аст ва агар тарафе аз  ҳалнома қонеъ набошад, метавонад  ба зинаи кассатсиониву назоратӣ шикоят кунад. Оё тарафи норозӣ метавонад аз болои ҳалномаи арбитраж шикоят кунад?

 Вақте ки тарафҳо арбитрро интихоб мекунанд, аллакай ба касбият ва дониши онҳо шинос мешаванд. Баҳсҳоро арбитрҳое баррасӣ мекунанд, ки дониши назариявӣ ва таҷрибаи кории хеле хуб доранд. Бинобар ин, қарори қабулнамудаи арбитраж қатъӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо қонунгузор шикоят кардани онро пешбинӣ намудааст, ки ба ташкили кор дахл дорад, на ба мазмуну моҳияти ҳалномаи қабулшуда. Бинобар ин, пеш аз баррасӣ бояд диққат кард, ки интихоби арбитр чӣ гуна сурат мегирад ё баҳс ба салоҳияти арбитраж дохил мешавад ё не? Дар ин ҳолат метавонанд ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Дар қонун мушаххас гуфта шудааст, ки дар кадом ҳолат бояд муроҷиат кард.

 Мақомоти судӣ мустақил буда, ба ягон шохаи ҳокимият тобеъ нест. Пас чаро Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон тобеи Палатаи савдо ва саноат  аст?

— Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатие мебошад, ки Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро таъсис додааст, вале ба фаъолияти он ягон таъсир надорад. Фаъолият кардан дар назди палатаро қонун муайян кардааст. Дар аксари давлатҳо низ арбитраж дар назди палатаҳо фаъолият мекунад.

— Ҳангоми ихтиёрӣ иҷро накардани ҳалномаи судҳои давлатӣ зарар ба воситаи судиҷрочиён рӯёнида мешавад. Ин ҳолат дар арбитраж чӣ гуна амалӣ мегардад?

— Дар сурати ихтиёрӣ иҷро накардани ҳалномаи арбитраж низ аз хизмати судиҷрочиён истифода мешавад.  Яъне, маҷбуран иҷро намудани ҳалнома пешбинӣ шудааст, агарчӣ тарафи дар баҳс мағлубшуда шаҳрванди дигар давлат ҳам бошад.

 Айни ҳол фаъолияти арбитраж дар кадом сатҳ қарор дорад ва дурнамои онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ августи соли 2015 бо қарори Раёсати Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон таъсис ёфта, декабри ҳамон сол аз қайди давлатӣ гузашт. Дар давоми чанд сол мо санадҳои ҳуқуқиеро, ки барои фаъолияти арбитраж зарур аст, таҳия ва қабул намудем. Арбитраж имрӯз пурра ба фаъолият омода аст.

Мусоҳиб Шариф Атобуллоев, «Садои мардум»

 

 

Последние записи