Мулоқот бо намояндагони консулгарии генералии Маҷористон 31.01.2017

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 31-уми январи соли 2017 соати 17:00  дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаҳои консули генералии Венгрия вохӯри доираи соҳибкорони ду давлат баргузор мегардад.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо ба чорабинии мазкур даъват менмоем.

Маълумоти муфассал: 

Тел: 223 06 69, 93 700 45 45.

Emailmembers.tpptj@gmail.com

Последние записи