Мизи мудаввар 07.03

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми худро ба Шумо баён намуда, ҷиҳати ҷорӣ намудани мақсадҳо ва вазифаҳои фаъолияти Палата, ки мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд ва ҷорӣ намудани «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», чунин иттилоъ медиҳад.

Таҷрибаи иқтисодии давлатҳои тараққӣ кардаи ҷаҳон дар солҳои охир исбот намуд, ки барои рушди сиёсати фискалӣ омилҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва иқтисодию молиявӣ тағйир меёбанд.

Яке аз омилҳои тағйирёбанда ин ҷорӣ намудани нархи ҳадди аққали чакана ба баъзе  намуди молҳо мебошад.

Аз таҳлиле, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо экспертҳои байналхалқӣ дар моҳи ноябри соли 2016 гузаронидашуда бармеояд, ки ҷорӣ намудани нархи ҳадди аққали чакана ба баъзе намуди молҳо барои ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ мусбатан мусоидат менамояд.

Бо назардошти ин Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 7-уми марти соли 2017 соати 09:00 дар бинои Палата мизи мудаввар барои муҳокимаи масъалаи ҷорӣ намудани нархи ҳадди аққали чакана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби эксперти байналхалқӣ гузаронида мешавад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассал: 

Тел: 227 11 68, 223 06 69, 221 58 38.

Последние записи