ИД МУБОРАК, МОДАРОНУ ХОҲАРОНИ АЗИЗ!

Табрикоти

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид

ба муносибати Рӯзи модарон

Бонувони азиз,

аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Дар ин айёми зебои фасли сол – оғози баҳори аҷам, ки чун Модар ҷонбахшу зиндагиофарин аст, бо камоли эҳтирому самимияти бепоён  тамоми бонувон — аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Иди фархундаю фараҳбахши Модарон табрику муборакбод намуда, бароятон хушрӯзгориву хонаободӣ ва баракати зиндагиро орзу менамоем. Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, Модарони азиз!

Зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно ва бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Ин аст, ки модарону хоҳарони азизи мо  рисолати хешро дар ду соҳаи муҳими иҷтимоӣ- маорифу тандурустӣ  ҳамеша  сарбаландона ба ҷо оварда сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа мегарданд. Бонувони Точикистон дар корҳои давлатдорӣ ва сиёсат низ фаъол мебошанд ва вазифаҳои хело масъулро ба ӯҳда доранд.

  Иди Модарон ҳамҷӯру тавъам бо фасли баҳорон буда,  чеҳраи рангини замину замон, шукуфтани гулу лола, ёсуману райҳон, нағмаи мурғони хушилҳом, навои дилнавози обшорон, резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳама пайку навид ва сари таъзим ба Модар аст ва армуғони шодӣ ба ин олиҳаи замон меоранд.

Бори дигар шуморо модарону хоҳарон ва фарзандони азиз, ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳатон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хӯшу осуда орзу менамоем!

 

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо,

Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт

Дон, ки бе зан то абад  дар гил бимонад пои мо.

Бо  арзи эҳтиром,

Раиси Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Шариф Саид

 

Последние записи