Табрикот

Муҳтарам аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ҳамкорон ва дустон!

 

Аз самими қалб Шуморо бо иди Навруз муборак гуфта, тамманиёти беҳтаринро орзумандам! Дар ин баробарии шабу руз ба ҳар як пиру ҷавон хушбахтӣ ва мушкилкушоӣ орзумандем.

Навруз, ки иди натанҳо мардуми форсу тоҷик аст, балки  имрузҳо байналхалқӣ гаштааст дар даҳҳо кишварҳои дунё ҷашн гирифта мешавад ва ин ифтихори мост.

Дар Наврузи навбаҳорон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ хурсандиву баракати зиёдаро аз Худованд орзу карда ба ҳама тани бардавом ва ба ватану замона оромиро хоҳонем. Муборак бод Наврузи навбаҳорон!

 

Бародар иди Наврузат муборак

Баробар шуд шабуруз, муборак

Муборак бодат имсолу ҳама сол

Ҳумоюн бодат имрузу ҳама рузат !!!

 

Последние записи