АСРОР САФОЕВ – ҲЕҶ ГОҲ НАМОЯНДАИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАБУД

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар воситаҳои ахбороти омма маълумоти собиқ консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия Маҳмадназар Мирзода дар чанд мусоҳибааш бо матбуоти русӣ гуфтааст, ки мошинро барои гузаронидани маъракаи наврузи ба Асрор Сафоев гуё ба “намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Петербург” ва раиси созмони ҷавонони тоҷики ин минтақа “барои бурдану овардани меҳмонон” дода буд.

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳор менамояд, ки Асрор Сафоев ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой намояндани Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон набуд ва намебошад ва ягон муносибате бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон надорад.

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони худро бо Қарори Раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаҷамъонона таъин менамояд. Аз ин лиҳоз, дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуҷҷатҳо вуҷуд надоранд.

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи худро дар шаҳри Санкт-Петербург надорад.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Последние записи