Намоишгох — ярмаркаи махсулоти Ҷумҳурии Узбекистон

17 апрели соли 2017 соати  11:00  дар «Маркази савдои Пойтахт — 90” маросими кушодашавии  Намоишгох- — ярмаркаи махсулоти   Ҷумҳурии  Узбекистон  баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати иқтисоди хориҷӣ, сармоягузорӣ ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Узбекистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва {укумати Ҷумҳурии  Узбекистон  созмон дода шуда, ба роҳандозии робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои барои тарафайн судманд, густариши минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ва гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Узбекистон нигаронида шудааст.

Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ  зиеда аз 160 ширкатҳои маъруфи Узбеқистон, аз ҷумла мошинсозӣ, автомобилсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ, таҷҳизоти маишӣ, маҳсулот барои рӯзгору хона, сарулибоси миллӣ ва сарулибоси махсуси тиббӣ ва варзишӣ, махсулоти зарфӣ, колинхо ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд, ки ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Список участников

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Последние записи