Бизнес форум Казахстан-Таджикистан 20 апреля 2017

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар ҳамкори бо  ҶС «Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузорӣ»  «KAZNEXINVEST» дар назди Вазорати сармоя ва рушди Ҷумҳурии Қазоқистон, баргузор намудани вохӯрии тиҷоратии навбатиро 20 апрели соли 2017 соати 10:00 дар бинои Меҳмонхонаи «Хайат Редженси»-и ш. Душанбе ба нақша гирифтааст.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад. Ба ҳайат намояндагони зиёда аз 37 корхонаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи мошинсозӣ, сохтмон, фарматсевтика, хӯрокворӣ, кимиёвӣ, металлургия, ҶС «Корпоратсияи содиротию қарзии суғуртавии Қазоқистон «Каз Экспорт Гарант» ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ ва самаранок гузаронидани чорабинии мазкур ва бо кадом ширкат вохӯрӣ кардани корхонаи Шумо то санаи 10 апрели соли равон тариқи рақамҳои 2215838, 2230669 ё почтаи электронии members.tpptj@gmail.com хабар диҳед.

Қаблан сипосгузорем.    

Замима: Рӯйхат

предварительный список участников на 3 апреля

Последние записи