Нахустин намоишгоҳи миллии молҳои Ӯзбекистон дар Душанбе ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 17.04.2017/АМИТ «Ховар»/.

Ду ҳамсоякишвар-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории мутақобилан судмандро дар бахши иқтисоду тиҷорат беш аз пеш тавсеа мебахшанд. Далели ин иштироки беш аз 160 ширкату корхонаҳои тавлидотии Ӯзбекистон дар нахустин намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ӯзбекистон аст, ки имрӯз, 17 апрел дар маркази савдои «Пойтахт-90»дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
«Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе- муаррифии молу маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Ӯзбекистон, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони ҳамкор буда, он дар таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвари ҳамсоя шароити мусоид фароҳам меорад»,- гуфт дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳқосим Шоисломов баргузории нахустин намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии Ӯзбекистонро дар Душанбе қадами устувор дар тақвияти ҳамкории Ӯзбекистон маънидод кард.
Нахустин намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон, ки дар масоҳати 1200 метри мураббаъ доман густурдааст, бо ташаббуси палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон, ширкати миллии намоишгоҳии «Узэкспоцентр» ва бо дастгирии ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи баланд созмон дода шудааст. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти саноатии ширкатҳои тавлидотии Ӯзбекистон, ки аз мошинолоти гуногун, техника ва таҷҳизоти мухталифи барқӣ, мебел, фармасевтӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, чармӣ, транформаторҳо, тахтаҳои алюминӣ, таҷҳизоти омӯзишӣ ва лабораторӣ, маҳсулоти пластмассӣ, матоъ, либос, пойафзол, атриёт, палос, маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ва дигар молҳои рӯзгор, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар бозори минтақа муштариёни зиёд доранд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Исмоил Махсумов, намояндаи яке аз ширкатҳои пойафзолбарории Ӯзбекистон мегӯяд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳои саноатӣ на танҳо дар муаррифии молу маҳсулоти тавлидотии Ӯзбекистон, балки дар таҳкими дӯстиву бародарӣ, ба роҳ мондани ҳамкории муфиди тиҷоратӣ байни ду давлат мусоидат менамояд. Мавсуф гуфт, ки «ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам ва умед дорам, ки дар оянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики ҳамкор пайдо намуда, корхонаи муштарак ташкил намоем». Инчунин Дилшод Болтаев ба намояндагӣ аз ширкати «FALCON», ки ба истеҳсоли молҳои нассоҷӣ махсус гардонида шудааст, гуфт, ки «ман зодаи шаҳри Душанбе мебошам ва алҳол дар Тошканд кору зиндагӣ мекунам. Ният дорам, ки дар оянда дар Тоҷикистон намояндагии ширкати «FALCON»-ро ифтитоҳ намоем, зеро маҳсулот, хусусан либосҳое, ки аз нахи пахта истеҳсол карда мешаванд, дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон муштариёни зиёд доранд».
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, ки бинобар омори расмӣ, гардиши мол байни ду кишвар дар семоҳаи аввали соли равон 2,3 маротиба афзуда, 23 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 13 миллионашро содирот ва 10 миллион долларро воридот ташкил медиҳад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвари ҳамсоя дар соли 2016 ба 70 миллион доллар баробар гардида буд. Аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон семент ва аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон бештар нуриҳои маъданӣ барои бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ва дигар молҳои рӯзгор ворид карда мешаванд.
Интизор меравад, ки дар доираи нахустин намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон, ки то 21 апрел дар Маркази савдои «Пойтахт-90» идома меёбад, дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар доир гардида, дар он масоили мубрами ба роҳ мондан ва тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон матраҳ хоҳанд гардид.
Баргузории нахустин намоишгоҳи миллии молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе дар ҳолест, ки ҳафтае қабл-11 апрели соли равон баъд аз 25 соли таваққуф бори нахуст ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» ба Тоҷикистон омад.

Марзия Саидова

Последние записи