Қазоқистон баъд аз Россия ва Чин дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи арзишманд дорад

Марзия Саидова

ДУШАНБЕ, 20.04.2017/АМИТ «Ховар»/

.«Қазоқистон дар сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ворид гардида, баъди Россия ва Чин дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши чашмрас доштааст». Ин матлаб зимни баргузории мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки имрӯз дар Душанбе бо ҳузури роҳбарону намояндагони беш аз 30 ширкати тавлидотии Қазоқистон ва зиёда аз сад нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон доир гарид, зикр шуд.
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон бо иқдоми Ширкати миллии «KAZAKH INVEST», Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафаш тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар ҳамоиш 30 ширкати Қазоқистон, ки дар бахши истеҳсоли ранг, масолеҳи сохтмон- тиреза, плитаҳо, қубурҳои шишагӣ-пластикӣ, чӯбу тахта, фанер, герметика, бомпӯшҳо, маҳсулоти хӯрокӣ, қаннодӣ, моҳӣ, равғани растанӣ, ҷуворимакка, зағир, биринҷ, орд ва маҳсулоти нонӣ, нӯшокиҳо ва маҳсулоти очоронидашуда, (консерва), инчунин тавлидкунандагони маҳсулоти бастабандӣ, кимиёвӣ, ороишӣ, фармасевтӣ, мошнсозӣ фаъолият доранд, бо соҳибкоорони тоҷик мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти миллӣ, хусусан ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак ва афзун гардонидани ҳаҷми савдои хориҷӣ, бахусус бо кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ тадбирҳои муассир меандешад. Фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, қабули барномаи рушди содиротию воридотии кишвар ва инчунин таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҳамин қабиланд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон барои тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа, бахусус Қазоқистон таваҷҷуҳи хоса медиҳад.
Нурлан Сейтимов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишварро дар Душанбе марҳилаи нав дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон номид. Дипломати қазоқ афзуд, ки дар зарфи солҳои 2010-2017 мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ду баробар афзоиш ёфта, аз 312 миллион доллар ба 670 миллион доллар расидааст. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар се моҳи аввали соли 2017-ум 193 миллион долларро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38, 3% зиёд аст.
Бояд тазаккур дод, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан пахта, алюминий ва маҳсулоти он, маъдан ва консентрати қӯрғошим, рӯҳ, мис, меваҷот, меваи хушк, биринҷ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулот аз растанӣ ва хӯрокворӣ содирот мегардад. Ба кишвари мо аз Қазоқистон гандум, орд, маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокии кӯдакона, дастгоҳҳои техникӣ, масолеҳи сохтмон, газ, нафт ва маҳсулоти он, тухмӣ, равғани растанӣ, маҳсулоти тамоку воридот мегарданд. Таъкид шуд, ки Фонди муштараки сармоягузории бевоситаи Қазоқистону-Тоҷикистон бо сармояи 100 миллион доллари амрикоӣ ташкил гардида, лоиҳаҳои муштаракро дар Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва кишоварзӣ амалӣ менамояд.
Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 90 корхона бо сармояи қазоқӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳаҷми воридоту содироти маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2015 қариб 2 млн. тоннаро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2014 30 ҳазор тонна зиёд буда, ба рақобатпазирӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд. Дар соли 2016 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 590,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки он 1,1% аз соли 2015 зиёд мебошад. Ҳамзамон бо назардошти тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва омаду рафти шаҳрвандони ҳар ду кишвар байни Душанбе ва Алма-Ато хатсайри ҳавоӣ фаъолият дорад.
Дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон зарфиятҳои иқтисодии ду кишвар, бахусус фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ширкатҳои «Аврора» ва «Amitech Astana»-и Қазоқистон муаррифӣ гардида, байни ширкатҳои тавлидотии ҳар ду кишвар қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба дурнамои рушди равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамоянд.

http://khovar.tj/2017/04/azo-iston-bad-az-rossiya-va-chin-dar-rushdi-i-tisodi-to-ikiston-ojgo-i-arzishmand-dorad/

Последние записи