АРБИТРАЖ: МАҚСАД — ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ СОҲИБКОРОН

Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон институти навтаъсис дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон буда, вазифаи асосии он баррасии баҳсҳои муносибатҳои шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектони онҳо ба миён меоянд, мебошад.

Зарурати таъсис, тавофути он аз судҳои иқтисодӣ, тарзи баррасии баҳс ва интихоби арбитрҳо, иҷрои ҳалнома ва дигар паҳлуҳои фаъолияти арбитражро Исрофил Бобоҷонзода, раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноат, доктори илмҳои ҳуқуқ, чунин шарҳ дод:

— Бо ташаббус, роҳбарӣ  ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат бо мақсади тақвияти уҳдадориҳои байналмилалӣ ва мустаҳкам намудани нақши давлат дар муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ, ҳамчунин бо назардошти пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» таҳия гардида, 18 марти соли 2015 қабул  шуд.

Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар баробари вазифаҳои асосии худ  инчунин метавонад дигар баҳсҳоеро баррасӣ намояд, ки хусусияти иқтисодӣ дошта, бо созиши тарафҳо супоридани ҳалли баҳс ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ пешбинӣ гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад.

Таъсиси арбитражи доимоамалкунанда дар ҷумҳурӣ  мушкилоти ҳалли баҳсҳои тиҷоратиро байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ осон гардонда, онҳоро аз хароҷотҳои зиёдатии молиявӣ ва фазои бегонаи ҳуқуқӣ озод мекунад. Ин омилҳо аз зарурияти саривақтии таъсиси ин институт дар кишвар шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро бе сармоягузории хориҷӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Яке аз омилҳои ворид гардидани сармоягузорӣ ба бозори дохилӣ ин мавҷудияти шароит барои ҳалли баҳсҳое, ки яке аз субеъктҳои он ширкати хориҷӣ мебошад ва ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс, ҳалли холисона, саривақтӣ ва камхарҷро талаб мекунад.

Имрӯз дарҳои Тоҷикистон барои савдои байналмилалӣ кушода аст. Аз ин рӯ,  рушди робитаҳои тиҷоратии  байналмилалии Тоҷикистон ба арзи вуҷуд доштани  судҳои арбитражӣ ниёз дорад.

Арбитраж баррасии баҳсро бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва Дастури арбитраж амалӣ менамояд. Он барои баррасии баҳс ҳуқуқи гирифтани хароҷоти баррасии арбитражиро дорад. Тартиби баҳисобгирӣ ва тақсими пардохтҳо, хароҷот барои таъминоти ташкилӣ ва моддии баррасии арбитражӣ ва дигар хароҷоти ҳалли баҳс дар Арбитраж бо Низомномаи қабулнамудаи Раёсати Арбитраж муайян карда мешавад.

Ба ширкатҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бастани шартномаҳо, махсусан, бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ дар шартнома, дар қисмати ҳалли баҳсҳо навиштаҷоти зеринро ба таври ҳатмӣ ҷойгир намоянд, то ки баҳсҳояшон дар қаламрави Тоҷикистон ҳал гардад: «Ҳамаи баҳсҳои бавуҷудоянда вобаста ба шартномаи мазкур ё вобаста ба эътиборнокии он, аз ҷониби Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон тибқи дастури он, дар ҳайати се нафар арбитрҳо, забони муҳокимаи арбитражӣ, дар асоси ҳуқуқи Тоҷикистон, ба таври қатъӣ ҳал мегардад».

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,

Ҷумҳурият”

http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=28877

Последние записи