Вохӯрии тиҷоратии соҳибкорони Гурҷистон

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи иттилои Сафорати Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 5-6-уми майи соли 2017 сафари кории ҳайати Гурҷистон ба Тоҷикистон бо мақсади ҳамкориҳои мутақобила дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фаъолгардонии соҳибкорӣ байни ду кишвар ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин сафар рӯзи 5-уми майи соли равон, соати 17:00 дар толори Меҳмонхонаи «Шератон» вохӯрии тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мегардад.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

 

Маълумоти муфассал: 

Тел:  221 58 38

Последние записи