Ҷаласаи Раёсати Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июни соли 2017 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Раёсат Раиси он доктори илмҳои ҳуқуқ Бобоҷозода Исрофил Ҳусейн, муовинони Раис Файзулло Абдуллоев, Амирхоҷа Ғоибназар ва аъзоёни Раёсат профессор Шариф Тағойназаров, номзади илмҳои ҳуқуқ Фарҳод Маҳмадшоев иштирок доштанд.

Дар рӯзномаи ҷаласаи Раёсат 4 масъала пешбини шуда буданд: масъалаҳои кадри, тасдиқи Низомнома дар бораи маърӯзачиёни Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, тасдиқи Низомнома дар бораи гонорарҳо ва масъалаҳои дигар.

Оид ба масъалаҳои якум Раиси Раёсати Арбитраж Бобоҷонзода И.Ҳ. оид ба пешниҳоди кадрҳо ба мансаби Котиби масъули Котиботи Арбитраж ва муовини ӯ маърӯза намуда, номзадии Бадалов Аҳмад Муҳамадалиевичро ба мансаби Котиби масъул ва Абдураҳмонова Зуҳро Бурҳонавнаро ба мансаби муовини Котиби масъул пешниҳод намуд, ки баъд аз муҳокимаи номазадҳо онҳо аз ҷониби Раёсати Арбитраж ба мансаб таъин карда шуданд.

Оид ба масъалаи дуюм муовини Раиси Арбитраж Ф. Абдуллоев дар бораи лоиҳаи Низомномаи маърӯзачиёни Арбитраж маърӯза намуд. Баъд аз муҳокимаи маърӯза, саволу ҷавобҳо ва ибрози ақидаи аъзоёни Раёсат Низомнома аз ҷониби Раёсати Арбитраж тасдиқ карда шуд.

Оид ба масъалаи сеюм муовини Раиси Арбитраж А. Ғоибназар дар бораи лоиҳаи Низомномаи гонорарҳои Арбитраж маърӯза намуд. Баъд аз муҳокимаи маърӯза, саволу ҷавобҳо ва ибрози ақидаи аъзоёни Раёсат Низомнома аз ҷониби Раёсати Арбитраж тасдиқ карда шуд.

Последние записи