Мизи мудаввар 07.07.2017 дар толори Шератон

Ба роҳбарон,  аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи баргузории мизи мудаввар оид ба ташкил намудани Бизнес шабакаи  SAN ( Scaling Up Nutrition Busines Network ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо дастгирӣ карда шудааст бинобар сабабҳои узрнок аз санаи 5 июл ба дигар рӯз гузаронида шуд, яъне 7 июли  соли 2017, соати 09:00 дар толори меҳмонхонаи «Шератон».
Мақсади асосии ташкил намудани Бизнес шабакаи  SAN ин мусоидат намудан ба паст гардидани сатҳи нимгуруснагӣ бо тамоми шаклҳояш ба воситаи сафарбар намудани бахши хусусӣ, ҷиҳати ҷалби сармояҳо ва ба ақидаҳои нав расидан мебошад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Бақайдгирӣ: соати 08:30
Маълумоти муфассал:
Тел: 907390033

Последние записи