ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 5-уми июли соли 2017 соати 16:00 дар бинои МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор мегардад, даъват менамоем.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад.

Бақайдгирӣ: 5 июл, соати 15:00

 Маълумоти муфассал:

Тел2230669, 2215838

Email: members.tpptj@gmail.com

 Қаблан сипосгузорем.    

Последние записи