Тоҷикистон дар EXPO-2017 пиряхҳои азим, дарёҳои пуртуғён, кӯлҳои зебо ва фарҳанги тоҷикиву таърихи миллатро ба намоиш гузоштааст

ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Павилйони  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи EXPO-2017 дар шаҳри Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон) дар қатори павилйонҳои 110 давлатҳои олам, 22 ташкилоти байналхалқӣ ва 50 ширкати машҳури ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро ишғол карда, павилйони  комилан ҷавобгӯ ба мавзӯи EXPO-2017 — «Энергияи оянда» эътироф шудааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрам Сангзода, ки аз Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 дар Остона дидан намуд, нақл мекунад:

Мувофиқи иттилои ташкилкунандагон, дар давоми 20 рӯзи охир ба  павилйони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор меҳмонону тамошобинони EXPO-2017 ворид гардида, бо захираҳои фаровон, безарар ва табиии обу барқи Тоҷикистон, мавзеъҳои сайёҳӣ ва осори таърихӣ-фарҳангии миллати тоҷик шинос шуданд.

«Қасри булурин»-и Лондон оташ гирифт, манораи Эйфел рамзи абадии Париж шуд

Намоишгоҳи байналмилалӣ ва ё «EXPO» дар панҷ сол як маротиба баргузор шуда, муосиртарин дастовардҳои илму фан, имконият ва захираҳои рушд, осори таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллии кишварҳои ҳамаи қитъаҳои олам дар саҳнаи он ба намоиш гузошта мешаванд.

Ду навъи намоишгоҳ маълум аст: намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ (асосӣ) ва намоишгоҳи байналмилалӣ (махсусгардонидашуда). Намоишгоҳи байналмилалӣ (махсусгардонидашуда) дар фосилаи намоишгоҳҳои умумиҷаҳонӣ (асосӣ) гузаронида мешавад. Чунончи, намоишгоҳи охирини умумиҷаҳонӣ соли 2015 дар Милан (Италия) баргузор шуда буд ва намоишгоҳи умумиҷаҳонии оянда соли 2020 дар Дубай (АМА) гузаронида хоҳад шуд.

Соли 2011 Бюрои байналхалқии намоишгоҳҳо (International Bureau of Exhibitions — IBE) дархости Қазоқистонро дар бораи соли 2017 дар шаҳри Остона баргузор намудани EXPO-2017 (Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашуда) қабул кард ва соли 2012 аз миёни 8 кишвари талабгор Остона макони баргузор намудани EXPO-2017 интихоб шуд.

Фарқияти намоишгоҳи байналмилалии махсус аз намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ ин аст, ки муҳлати фаъолияти намоишгоҳҳои махсус се моҳ мебошад, аммо тамошобинони намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ метавонанд муддати шаш моҳ павилионҳои кишварҳои оламро тамошо кунанд. Дар намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ ҳар як мамлакат аз ҳисоби худ павилйонашро бунёд мекунад ва муносибат ба ин павилйонҳо мутобиқи амволи давлати хориҷӣ сурат мегирад. Бо анҷом ёфтани намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ павилйонҳои он бардошта мешаванд. Дар намоишгоҳҳои байналмилалии махсус, бараъкс, павилионҳо аз тарафи кишвари баргузоркунандаи намоишгоҳ сохта шуда, бо анҷом ёфтани муҳлати намоишгоҳ он павилионҳо ва рамзу шиори меҳварии намоишгоҳ барои истифодаи минбаъда боқӣ гузошта мешаванд.

Дар намоишгоҳҳои умумиҷаҳонӣ якбора якчанд мавзӯъ пешбарӣ, тарғиб ва инъикос мешаванд, вале намоишгоҳи байналмилалии махсус танҳо як мавзӯъро инъикос карда метавонад.

Нахустин намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ (EXPO) соли 1851 дар маркази шаҳри Лондон (Гайд-парк) барпо шудааст. Иншооти ба ин муносибат аз оҳану шиша бунёд гардида,  ҳамчун рамзи EXPO интихоб шуда буд ва  бинобар зебогӣ ва шаҳомати хоссааш  аз тарафи тамошобинон «Қасри булӯрин» (Crystal Palace) ном гирифт. Моҳи ноябри соли 1936 дар натиҷаи сар задани сӯхтор «Қасри булӯрин» ба коми оташ фурӯ рафт ва дигарбора барқарор карда нашуд (баъдан ба ёди он қаср дастаи футболи «Crystal Palace»-и Лондон таъсис ёфт, ки ҳоло дар Премер-лигаи Англия баромад мекунад). Аммо манораи Эйфел, ки ҳамчун даромадгоҳи муваққатии EXPO-1889 сохта шуда буд, на танҳо рамзи намоишгоҳи мазкур эътироф гардид, балки давоми 128 соли минбаъда ба нишонаи ивазнашавандаи пойтахти Франсия шаҳри Париж мубаддал гаштааст.

Се марҳилаи таърихии EXPO

Намоишгоҳҳои умумиҷаҳонӣ давоми қариб якуним асре, ки баргузор мешаванд, се марҳила ва ё се таҳаввулоти ҷиддиро аз сар гузаронданд. Дар ибтидо (солҳои 1851-1939) дар EXPO танҳо саноати пешрафта (индустриализатсия) пешбарӣ ва ташвиқу тарғиб мешуд. Аз ҷумла, дастгоҳи телефон аввалин маротиба дар намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.

Сипас, солҳои 1939-1987 марҳалаи табодули фарҳанг дар павилионҳои EXPO авҷ гирифт. Агар дар марҳалаи аввал ба тиҷорат ва дастовардҳои технологӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешуд, дар марҳалаи дуюм эътибори дастовардҳои технологӣ ба сатҳи поён фаромада, масоили ояндаи инсоният, мушкилоти сайёра ва вобаста ба ин, табодули фарҳанги ҳамдигарӣ ба ҷои аввал баромад. Паҳн намудани ғояи табодули фарҳанги ҳамдигарӣ баҳри таъмини зиндагии осоишта ва ояндаи неки сайёраи Замин амали зарурӣ ва ногузир дониста шуд.

Аз соли 1988 кишварҳои олам намоишгоҳҳои байналмилалиро ба саҳнаи нишон додани эътибор ва нуфузи миллии кишварҳои худ табдил доданд. Яъне, марҳалаи сеюми EXPO ба пешбарӣ ва тарғиби нишонаҳои миллии кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Пиряхҳои азим, дарёҳои пуртуғён, кӯлҳои зебои Тоҷикистон зиннатбахши ЕХРО-2017

Шиори EXPO-2017 ибораи «Энергияи оянда» ва рамзи намоишгоҳи мазкур — кураи азими монанд ба сайёраи Замин интихоб шудааст. Давоми се моҳ (аз 10 июн то 10 сентябри соли ҷорӣ) дар павилионҳои EXPO-2017 имконият ва захираҳои энергияи барқароршаванда, афзалиятҳои «энергияи сабз», роҳҳои истифодабарӣ аз захираҳои мавҷуда ва дастовардҳо дар ин самт ба намоиш гузошта мешаванд. Бояд гуфт, ки зимни истифодаи энергияи оянда се талаботи қатъӣ пеш гузошта шудааст: таъмини амнияти экологӣ, арзон ва дастрас будани энергия, безарар будани он ба муҳити зист.

Павилйони Тоҷикистон дар EXPO-2017 дар қатори кишварҳои Арманистон, Афғонистон, Бангладеш, Қирғизистон ва Украина дар толори диққатҷалбкунанда бо номи кишварҳои пайвандгари «Роҳи абрешим» ҷойгир шудааст. Аввалин ҷаззобияти павилйони Тоҷикистон, ки зуд ба чашм мерасад ва таваҷҷуҳи меҳмонону тамошобинонро ба худ ҷалб мекунад, фарши кабуди павилйон мебошад. Тавре директори экспозитсияи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Остона Одил Сангов зикр кард, зимни таҳияи павилйон онҳо кӯшиш намуданд, ки дар як гӯшаи хурд муҳити табиати ором, фазои барҳаво ва симои зебои Тоҷикистонро ҷойгир намуда, шаҳомати кӯҳсорон, нафосати хосаи кишвари чашмаҳои мусаффо ва рӯдҳои сероб, кӯҳҳои сарбаафлоку водиҳои сабзпӯшро ба қалб ва рӯҳи тамошобинон бирасонанд. Аксҳои се девораи павилйон ба чашми тамошобин ҳамчун қаторкӯҳҳои барфбасару водиҳои майсазор ба назар расида, фарши павилйон мисли обҳои каб-кабуди кӯлҳо ва дарёҳои ҷории Тоҷикистон ҷило медиҳанд.

Баробари ворид шудан ба павилйони Тоҷикистон аз тарафи чап акси пиряхҳо, кӯлҳо, дарёҳо, обанборҳо ва обҳои табобатӣ тамошобинро ба сайри олами захираҳои фаровони энергияи сабзу бехатар, арзону дастраси Тоҷикистон мебарад. Маълумотномаи насбшуда ба забонҳои англисӣ, русӣ ва қазоқӣ иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон 14 ҳазору 509 адад пиряхҳо бо ҳаҷми 845 км мукааб дар масоҳати 11 ҳазору 146 км мураббаъ ҷойгир шуда, як ҳазору сесад кӯл дар масоҳати 705 км мураббаъ бо ҳаҷми 46,3 км мукааб об ва нӯҳсаду чилу ҳафт дарё бо дарозии умумии 28 ҳазору 500 км захираҳои обу барқи Тоҷикистонро ташкил додаанд. Ҷоришавии об дар дарёҳои Тоҷикистон дар як сол 64 км мукаабро дарбар мегирад.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон 11 адад обанборҳо ҷойгиранд, ки масоҳати 664 км мураббаъро ишғол намуда, ҳаҷми 15,3 км мукааб обро дар худ ғунҷонидаанд. Захираи энергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт-соат буда, 60 фоизи обҳои ҳавзаи Арал дар Тоҷикистон ҳосил мешаванд ва ин ҳама боигарии миллати тоҷик аст, ки давлатҳо ва мардумони минтақа аз он фаровон истифода мебаранд.

Дар идомаи тамошои павилйони Тоҷикистон амсила (макет)-и умумии НБО «Норак» таваҷҷуҳи олимону муҳандисон ва мутахассисони бахши сохтмони неругоҳҳоро ҷалб кардааст. Дар паҳлӯи он амсилаи сарбанди  НБО «Норак» ба таври бурида (аз як тараф сарбанди баланд аз тарафи дигар обанбори азим) ба тамошо гузошта шудааст. Амсилаи мазкур аз он ҳикоя мекунад, ки сарбанди неругоҳ на бо сементу бетон, балки бо сангу шағали кӯҳсори Тоҷикистон сохта шуда, дар натиҷаи ба ҳам махлут шудани ҷинсҳои кӯҳӣ сарбанди мустаҳкам бунёд гардидааст. Афзалияти чунин тарзи бунёди саргаҳи об дар  он аст, ки зимни зилзила ҷинсҳои кӯҳии як мавзеъ ба ҳам соиш хӯрда, боз ҳам мустаҳкамтар мешаванд ва намегузоранд, ки як қатра об аз обанбор берун равад. Маҳз бо ҳамин далел НБО «Норак» дар миқёси ҷаҳон неругоҳи бехатар эътироф шудааст.

Гӯшаи дигари павилйони Тоҷикистон аз лоиҳаи КАСА-1000, яъне интиқоли неруи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ нақл мекунад. Лоиҳаи мазкур хусусан диққати тамошобинони Қазоқистонро ба худ ҷалб кардааст. Ҳатто ҳайатҳои расмии ин кишвар дархост карданд, ки неруи арзону босифати Тоҷикистон ба Қазоқистон интиқол дода шавад.

Ҳамин тавр, ду гӯшаи павилйони Тоҷикистон аз захираҳои фаровони  обу барқ ва имконияту харитаи энергетикии кишвар нақл мекунад. Ҳар ду гӯшаи павилйон таҳти шиори «Истифодаи оқилонаи захираҳои об ва неру» пешбарӣ шуда, дар баробари захираҳои обу барқ ҳамчунин табиати зебо, тозаву озода ва 200 гармчашмаи шифобахши мамлакатро тарғиб кардаанд.

Мувофиқи иттилои Одил Сангов, чандин гурӯҳи сайёҳони Аврупо бо дидани манзараи гармчашмаҳои табобатӣ хоҳиши бетаъхир ва мустақим сафар кардан ба Тоҷикистонро намуданд. «Яке аз ин гурӯҳҳо дар ҳузури мо барои гирифтани раводид ба ВКХ ҶТ муроҷиат кард ва чун фаҳмиданд, ки онҳо дар фурудгоҳи Душанбе имкони гирифтани раводидро доранд, бо азми сафар ба Тоҷикистон сӯи фурудгоҳ раҳсипор шуданд», — нақл кард О. Сангов.

«Ба павилйони Тоҷикистон одамони касбу кор  ва синну соли мухталиф: хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни макотиби олӣ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, сайёҳон, олимону коршиносони соҳаи обу барқ, рӯзноманигорон, ҳайатҳои гуногуни расмӣ ва онҳое, ки дар Тоҷикистон кору таҳсил ва хизмати ҳарбӣ кардаанд, ворид мешаванд», — зикр кард О. Сангов ва илова намуд: «Ба ҳар яке аз онҳо дар баробари пешниҳод кардани иттилоъ, инчунин маълумотномаҳои омоданамудаи вазорату идораҳои дахлдори мамлакат дар шакли китобчаҳо ва дискҳои видеоӣ ройгон дода мешаванд. Онҳое, ки хоҳиши харидани ҷӯробу тоқӣ, шаддаҳои ранга ва дигар ороишоти тоҷикиро мекунанд, ба дӯкони дар паҳлӯи павилйони Тоҷикистон таҳияшуда, ки дар он ҷо маҳсулоти ватанӣ ба фурӯш гузошта шудааст,  роҳбаладӣ карда мешаванд».

Девораи тарафи рости павилйон аз таъриху фарҳанги миллии тоҷикон, ҷашнгирии Наврӯз дар давраҳои қадим ва имрӯз, сарнавишти шаҳрҳои таърихии Тоҷикистон, одат ва анъанаҳои миллати тоҷик ва рӯзгори ӯ нақл мекунад. Дар ин гӯша амсила (макет)-и Аҷинатеппа ва Қаълаи Ҳулбук, аксҳои қалъаҳои Хуҷанду Ҳисор, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ёдгории таърихии аз ВМКБ ёфтшуда ва акси Буддои хобида гузошта шудаанд.

«Яке аз тамошобинон ба назди маъданҳои навъи «квартс» ва «флюорит» омада, аз мо дархост кард, то ба ӯ иҷозат диҳем, ки ин сангҳоро ламс кунад», — нақл кард Одил Сангов.  «Вақте аз ӯ сабаб пурсидем, гуфт ин сангҳо ба одам неру ва таскин мебахшанд, шумо тоҷикистониён одамони хушбахт ҳастед, ки чунин обу маъданҳои шифобахш доред».

Дар баромадгоҳи павилйони Тоҷикистон экспонат бо номи рамзии «Дарахти бахт» ҷой карда шудааст, ки аз 12 800 сангҳои хурду ранга бунёд ва ороиш ёфта, 4,5 метр баландӣ дорад. Тавре мо мушоҳида кардем, ҳамаи тамошобинон дар назди ин «Дарахти бахт» акс мегиранд. Экспонати мазкур аз ҳунари коркарди санг дар Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ташкилкунандагон ва мутассадиёни EXPO-2017 ба павилйони Тоҷикистон шарафи дар рӯзи дуюми фаъолияти намоишгоҳ 12 июн баргузор намудани Рӯзи миллии Тоҷикистонро лоиқ донистанд.

Тавре Одил Сангов изҳор кард: «Субҳи ин рӯз бо маросими расмӣ дар саҳнаи асосии EXPO-2017 дар ҳузури ҳазорон иштирокдорону меҳмонон ва тамошобинони намоишгоҳ, зери садои мутантани Суруди миллӣ бо ифтихору иззат Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Он рӯз то бегоҳ партавафшонии ливои Тоҷикистон тамошобинонро ба павилйони Тоҷикистон  даъватмекард».

Дар павилйон дафтари қайди таассуроти меҳмонону тамошобинон гузошта шудааст, ки дар саҳфаҳои он   суханони пур аз  меҳру муҳаббат нисбат ба Тоҷикистону тоҷикистониён навишта шудаанд (ба аксҳо нигаред).

Иштирок дар EXPO-2017 чӣ натиҷаҳо дошта метавонад?

Павилиони Тоҷикистон ва намоиши экспонатҳои он дар EXPO-2017 ифодагари мантиқии сиёсати дурандешонаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши масоили об ва баррасии он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби ошомиданӣ», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об» эълон шуда,   акнун аз соли 2018 то соли 2018 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо қарори махсуси Созмони Милали Мутаҳид ба ҳукми амал медарояд, ки ин тадбир низ бо ташаббуси роҳбарияти олии Тоҷикистон  амалӣ карда мешавад.

Мувофиқи тадқиқоти созмони «Tjaco Walvis», 73 фоизи кишварҳои олам мақсади иштирокашонро дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Ганновер (Германия, соли 2000) боло бурдани нуфуз ва эътибори давлати худ маънидод кардаанд. Дар он намоишгоҳ  (EXPO-2000) кишвари Голландия дар павилйони худ ҳамагӣ 35 млн евро сарф карда, сипас, бо бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо 350 млн евро фоида ба даст овардааст.

Умед ҳаст, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули баргузор намудани павилйони Тоҷикистон дар EXPO-2017 таъйин шудааст, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору идораҳои марбутаи мамлакат аз имконияти EXPO-2017» фаровон истифода бурда, барои боз ҳам боло бурдани эътибор ва нуфузи Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги миллати тоҷик, ҷалби сармояи бештар ба иқтисоду саноату бахши сайёҳии мамлакат талошҳои созандаи худро дома медиҳанд.

 

АМИТ «Ховар»

 

Последние записи