Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2017» ва бизнес форум

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

  

         Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз санаи 27 то 29-уми июли соли 2017 дар МД «Кохи Борбад» Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2017» баргузор мегардад.  Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот барои соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои  кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), сайёҳӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, соҳаи бонкӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешавад. Дар кори намоишгоҳ ширкатҳои бонуфуз аз давлатҳои хориҷи дурру наздик ва инчунин ширкатҳои ватанӣ иштирок мекунанд.

         Кушодашавии расмии намоишгоҳ — 27-уми июл соати 10:00.

         Дар доираи Намоишгоҳи мазкур рузи 27-уми июли соли 2017, соати 15:00 дар толори МД «Кохи Борбад» ҳамоиши доираи соҳибкорон баргузор мегардад.

         Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабиниҳои мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассал: 223 06 69, 221 08 71, 93 700 45 45.

Последние записи