Хамоиши сеҷониба: Тоҷикистон, Афғонистон ва Белорус

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 28-уми июли соли 2017 соати 10:00 дар толори МД «Кохи Борбад» ҳамоиши сеҷониба: Тоҷикистон, Афғонистон ва Белорус баргузор мегардад. Чорабинӣ бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Белоруссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

 Маълумоти муфассал: 

Тел: 223 06 69, 937004545, 221 08 71.

Emailmembers.tpptj@gmail.com  

Последние записи