11-умин Намоишгоҳи байналхалқии Осиёи Марказӣ дар ш.Тошкент

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

             Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми худро ба Шумо баён намуда, бо мақсади ҷорӣ намудани мақсадҳо ва вазифаҳои фаъолияти Палата, ки мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба уҳдаи Палата гузошта шудаанд, чунин иттилоъ медиҳад, ки аз 13 сентябр то 15 сентябри соли 2017 дар ш. Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон 11-умин Намоишгоҳи байналхалқии Осиёи Марказӣ зери унвони «TextileExpoUzbekistan 2017» ва «Текстильное оборудование и технологии – CAITME 2017»  баргузор мегардад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед аз тел: +(998 71) 205 18 18, ё почтаи электронии Emailyana_ivanova@kongressservis.uz истифода баред.

Последние записи