Мулоқоти Раиси Палатаи саноат ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ва Агентии энергетикии Олмон

Рӯзи 18 августи соли 2017 дар ҳошияи сафари корӣ ба Олмон Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид дар Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон бо директори иҷрояи Кумитаи мазкур ҷаноби Михаел Ҳармс мулоқот ва дидор намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ-тиҷоратии байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ карда, хостори бозҳам густаришу таҳкими ин ҳамкориҳо гардиданд. Раиси Палатаи саноат ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби олмониро бо фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар ошно карда, оид ба лоиҳаҳои ҷолиби сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, иктишофу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва сайёҳӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар навбати худ ҷаноби Ҳармс ҳавасмандии доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Олмонро ба самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ- сармоягузории Тоҷикистон байн дошта, омодагӣ изҳор намуд, ки дар ҷалби сармоягузорон ба иқтисоди кишвари мо Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ҳаматарафа мусоидат хоҳад кард.

Нимаи дуюми рӯзи 18-уми августи соли 2017 дар Агентии энергетикии Олмон мулоқоти Раиси Палатаи саноат ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Агентии мазкур хонума Кристина Хаверкамп доир гардид.

Дар рафти сӯҳбат Шариф Саид ба ҳамсӯҳбаташ оид ба захира ва иқтидорҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишвари Олмон иброз дошт. Ӯ аз ҷумла аз ҷониби олмонӣ даъват ба амал овард, ки дар амалӣ гардидани лоиҳаҳои хурду миёна ва бузурги энергетикии кишвар иштирок намоянд.

Ҷониби олмонӣ ҳавасмандии худро дар баргузории Форуми энергетикии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Душанбе иброз дошта, барои ташкилу баргузор намудани он Агентии энергетикӣ саҳмгузор хоҳад буд.

Раиси Палатаи саноат ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саидро дар ин мулоқотҳо Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ҳамроҳӣ кард.

Иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Последние записи