Мизи мудаввар дар мавзӯи «Медиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон: актуализатсияи мавзуъ ва роҳҳои ҳалли он»

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

  

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

         Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 27 сентябри соли 2017 аз соати 09:00 то 14:00 дар толори конфронсии «Кӯҳсор»-и меҳмонхонаи «Серена», воқеъ дар ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 4 Мизи мудаввар дар мавзӯи «Медиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон: актуализатсияи мавзуъ ва роҳҳои ҳалли он» доир мегардад. Чорабиниро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таъсис додааст.

         Дар робита бо ин, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

 

         Бақайдгирӣ27 сентябр, соати 08:30

 

Маълумоти муфассал: 

Тел: 223 06 69, 937004545

Email: members.tpptj@gmail.com

Последние записи