БИЗНЕС ФОРУМ С ИНДИЕЙ

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 15-уми ноябри соли 2017 соати 10:00 дар толори Меҳмонхонаи «Хаят редженси» ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мегардад. Дар кори чорабинӣ бахшҳои сайёҳӣ, саноати сабук (текстиль), хӯрокворӣ, Форматсевтика, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра иштирок менамоянд.         Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон  даъват менамоем.

Бақайдгирӣ: 15-уми ноябри соли 2017 соати 09:30

 

Маълумоти муфассал: 

Тел2230669,  937004545

Emailmembers.tpptj@gmail.com

Последние записи