Ҷамбасти натиҷаи фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

08 январи соли 2018 Ҷаласаи Раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он масъалаи  “Дар бораи ҷамбасти натиҷаи фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018” –ро баррасӣ намуд.  Дар кори маҷлис сардори Райёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Абдураҳмон иштирок намуд.

Дар маҷлиси Райёсат Раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид “Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Палатаи савдо ва саноат дар соли 2017 ва вазифаҳо  барои  соли 2018” сухан ронда, қайд намуд, ки     дар соли 2017 Палата бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз Пайёми Сарвари Давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеоянд ва бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  амал намуда,  корҳои назаррасро ба иҷро расонид. Дар давраи ҳисоботи  Палата барои фаъол гардонидани муносибатҳои корӣ бо роҳбарон ва намояндагони палатаҳо, сафоратҳо, ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону тољирони давлатҳои хориљӣ 350 вохўрӣ гузаронида, дар баргузории 21 форуми доираҳои соҳибкорӣ, 67 конференсия, семинару мизҳои мудаввар фаъолона  иштирок намуда, бо намояндагони васоити ахбори умум 31 маротиба нишасти матбуотӣ доир намуд.

Баланд бардоштани савияи касбӣ ва сатҳи дониши кормандони бахши хусусӣ бо роҳи гузаронидани семинару конференсияҳо, тренингҳо ва расонидани хизматрасониҳои иттилоотӣ  воситаҳои самараноки дастгирии бизнес-сохторҳо ва элементи муҳими пешбурди фаъолияти корхонаҳои хурду миёна мебошад.

Дар доираи ҳамкорӣ бо зерлоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид  «Дастгирии ташкили марказҳо оид ба пешбурди савдо дар сатҳи миллӣ ва вилоятӣ мунтазам гузаронидани тренингҳо барои соҳибкорон» ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Палата дар ин давра  дар ш. Душанбе ва маркази вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар мавзӯъҳои “Қоидаҳои байналхалқии шарҳи истилоҳоти савдо”, “Талаботҳои махсуc нисбати маҳсулоти содиротӣ”, “Созмони Умумиҷаҳонии Савдо- механизми савдои байналхалқӣ”, “Таҳлили бозор”, “Маркетинг”, “Тренинг оид ба масъалаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо”,“Амали танзими гумрукӣ-тарифӣ дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо”, “Талабот нисбати содироти мол ба давлатҳои иттиҳоди гумрукӣ”, “Барномаи мутобиқгардонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоқа бо аъзогӣ ба Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо”, “Қоидаҳо ва тартиби муқарраркардаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҳангоми содироти маҳсулот барои содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, савдои наздисарҳадӣ, савдои электронӣ, лизинги таҷҳизот ва технологияи инноватсионӣ семинар ва тренингҳо гузаронида шуданд, ки дар ин чорабиниҳо намояндагони зиёда аз 150 корхонаю ташкилотҳо — аъзоёни Палата савияи касбии худро такмил дода, соҳиби сертификат шуданд.

Бо маќсади васеъ намудани муносибатҳои мутаќобилан судманд, мусоидат ба ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ:  гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, сохтмон, саноати сабук, саноати хурокворӣ, кишоварзӣ, сохтмони роҳу пулҳо, сотмони нақбҳо, телекомуникатсия, молия, бонкдорӣ, тандурустӣ (дорусозӣ), сохтмони инфраструктураи саёҳӣ, маориф  ичунин,  воридоти таҷҳизоту технологияи ҳозиразамони инноватсионӣ барои коркарди ашёи хоми ватанӣ,(аз ҷумла коркарди гиёҳҳои шифобахш, пахта, пилла, пашм),   ташкил намудани корхонаҳои муштараки истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва афзун гардонидани содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар   Палата дар соли 2017 ба унвони палатаҳои давлатҳо, минтаќаҳо ва шаҳрҳои калони кишварҳои хориљӣ зиёда аз 4500 мурољиатнома ва пешниҳодҳо ирсол намуда, бо 19 палатаҳои кишварҳои хориљӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Бо маќсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар соли 2017 бо дастгирии Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои љумҳурӣ ва ширкату корхонаҳои намоишгоҳӣ дар хориҷи кишвар, шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳои љумҳурӣ зиёда аз 30 намоишгоҳ баргузор карда шуд. Аз  ҷумла:

—           Намоишгоҳи      молҳои        истеҳсоли    Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе моҳи апрели соли 2017;

—           Намоишгоҳи      молҳои     истеҳсоли Ҷумҳурии   Тоҷикистон  дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон  моҳи октябри  соли 2017, ки дар он 130 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва зиёда аз 300 соҳибкорони Тоҷикистонӣ  иштирок намуда, молу маҳсулотҳои худро намоиш доданд;

—           Намоишгоҳи  Байналхалқии         Универсалии   “Тоҷикистон – 2017” дар  шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2017, ки дар кори он дар қатори корхонаҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ, инчунин ширкатҳои истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ аз 14 давлати хориҷӣ иштирок намуданд;

Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон молистеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ 13 феврали соли 2017     дар    намоишгоҳи    “Прод   ЭКСПО — 2017” (6 ширкати истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ) ва 9 сентябри соли 2017 дар намоишгоҳи “World Food – 2017” (7 ширкати истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ) дар шаҳри Москва  иштирок намуда, соҳиби медалҳои  тилло ва нуқра гардиданд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз   1октябри соли 2016, №409 “Дар бораи иштироки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии   махсусгардонидашудаи ЭКСПО – 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон”, Раиси Палатаи савдо ва саноат – Комиссари генералии экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО – 2017 таъин карда шуда, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оператори Миллии Намоишгоҳ муайян гардид.

Дар давраи фаъолияти семоҳҳаи Намоишгоҳ (аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017) зиёда аз 450 ҳазор нафар меҳмонон ва  намояндагон-иштирокчиёни Намоишгоҳ аз давлатҳои гуногун аз павилёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Аз рӯи ҷамъбасти фаъолият павилёни Тоҷикистон дар байни 115 давлат ва 22 ташкилоти байналмилалӣ  аз рӯи номинатсияи “Кушодани мавзӯи намоишгоҳ” сазовори ҷойи якум гардида, бо Ҷоизаи тиллоӣ  сарфароз гардонида шуд.

Мукофоти мазкур дар даврони соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба буда, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ба он сарфароз гашт. Бояд қайд намуд, ки сазовор гардидани Тоҷикистон ба Ҷоизаи тиллоӣ  аз сиёсати хирадмандона ва ташабуссҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва энергетика, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд, сарчашма мегиранд.

Барои ман боиси ифтихор аст, ки ба боварии   Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шудам ва маро ба вазифаи Комиссари генералии экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Намоишгоҳи байналмилалии  “ЭКСПО – 2017” таъин намуданд, бо ифтихор қайд намуд Шариф Саид.

Палата имрӯз ба 12 палатаҳои савдо ва саноати бонуфузӣ ҷаҳонӣ, минтақавӣ, ва ташкилотҳои байналхалқӣ аъзо буда, зиёда  аз 680 ташкилот ва корхонаҳои хурду бузургро, ки аъзои Палата мебошанд муттаҳид менамояд.

Бо мусоидати Палата дар давраи сипаригашта 977 нафар соҳибкорони ватанӣ, љиҳати шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони ҳамкор ба намоишгоҳҳои хориљӣ сафарбар карда шудаанд.

Бо мақсади дастраси ширкату корхонаҳо – аъзоёни Палата гардонидани навигариҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, тиҷорат, масъалаҳои ташкил ва гузаронидани бизнес-форумҳо конференсияҳо ва намоишҳои байналхалқии молу маҳсулот, ки дар хориҷи кишвар баргузор мегарданд, инчунин пешниҳодҳои тиҷоратӣ дар соли ҷорӣ дар сомонаи Палата(www.tpp.tj) зиёда аз 900 ахборот ҷойгир карда шуда, CD – Диски “Роҳнамои тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- 2017, ба забонҳои русӣ ва англисӣ  нашр  гардид.

Дар ин давра  ба содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ 12,2 ҳазор адад шаҳодатномаи кишвари тавлиди мол дода шуда, тибқи дархости корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ 24,4 ҳазор соат  экспертизаи молу маҳсулот гузаронида шуд.

Дар соли 2017 ҳаљми умумии хизматрасонии Палата  аз ҳисоби додани шаҳодатномаи кишвари тавлиди  мол, гузаронидани экспертизаи молу маҳсулот, ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳою ярмарка- фурўшгоҳҳо ва даромад аз намудҳои дигари хизматрасонӣ 5,2 млн. сомониро ташкил дода ба буҷети давлат зиёда аз 1,6 млн сомонӣ маблағи андоз ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  пардохт карда шуд.

Дар давоми соли 2017 ба шахсони эҳтиёҷманд,  собиқадорони Ҷангу меҳнат, кудакистону, мактаб интернатҳо ба маблағи 68 ҳазор  сомонӣ кумаки моддӣ расонида шуд.

Раиси Палата аз Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазифаи падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид карданд, ки иҷрои онҳо ҳатман таъмин карда шавад.

Дар доираи  Ќонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи Арбитражи байналхалќии тиљоратӣ» дар назди Палата  Арбитражи байналхалќии тиљоратӣ таъсис дода шуд, ки он дар айни замон ба фаъолият шурў намуда, ҷиҳати ташкил кардани судҳои ҳакамӣ ва медиатсияи ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ чораҳои лозимиро андешида истодааст.

Масъалаи ободу зебо гардондани мавзеи корхона ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳрамон яке аз вазифаҳои фахрии коллективи кормандони Палата мебошад. Дар соли 2017 Палата барои кабудизор кардан ва  дар сатҳи лозимӣ нигоҳ доштани қитъаи вобасташудаи замин дар майдони 17, 7 ҳазор метри мураббаъ, аз буриши кӯчаи Бухоро то буриши кӯчаи С. Айнӣ дар хиёбони Рудакӣ, чораҳои заруриро амалӣ намуда, сазовори Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, қайд намуд Шариф Саид.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Абдураҳмон, оиди дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ сухан ронда, аз комёбиҳои Палатаи савдо ва саноат ёдовар шуда, барои иҷрои вазифаҳои дар соли 2018 мувафақиятҳо орзӯ намуданд.

Шариф Саид  дар интиҳои Ҷаласаи Райёсат аз вазифаҳои мушаххаси Палатаи савдо ва саноат  дар соли 2018 ҳарф зад.

Последние записи