Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

  

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

         Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 21- 22 феврали соли 2018дар шаҳри Минск Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон оид ба мақсадҳои рушди устувор «Бунёди муносибатҳои шарикӣ барои дастгирии кӯшишҳои миллӣ барои рушди устувор» ва рӯзҳои 6-10 феврали соли 2018 дар шаҳри Кувейт Намоишгоҳи тиҷоратӣ баргузор мегардад.

         Тибқи иттилои ҷониби Белорусия Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон оид ба мақсадҳои рушди устувор «Бунёди муносибатҳои шарикӣ барои дастгирии кӯшишҳои миллӣ барои рушди устувор» аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо намляндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Белорус баргузор мегардад.Дар Форуми мазкур масъулони баландпояи давлатҳои минтақа барои рушди устувор иштирок намуда, таҷриба ва натиҷаҳои худро ҷиҳати расидан ба рушди устувор муаррифӣ намуда, камбудиҳо ва мушкилиҳоро дар ин раванд баррасӣ менамоянд.

  

Маълумоти муфассал: 

Тел: +375 17 226 15 30

Email: uesur@mfa.gov.by, info@kif.net 

 

Последние записи