Намоишгохи Точикистон 2018

Ба роҳбарон, аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон   

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 29 то 31-уми марти соли 2018 дар МД «Кохи Борбад» Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» баргузор мегардад. Намоишгоҳ аз ҷонибиПалатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот барои соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои  кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), сайёҳӣ, ҳунармандӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд. Дар кори намоишгоҳ ширкатҳои бонуфуз аз давлатҳои хориҷи дурру наздик ва инчунин ширкатҳои ватанӣ иштирок мекунанд.

Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои гирифтани ғурфаҳои намоишгоҳӣ ва муаррифӣ намудани маҳсулоту хизматрасониҳои ватанӣ ба рақамҳои 2271378 ва 935877121 муроҷиат намоед.

Қаблан сипосгузорем.

Последние записи