Намошгох ва бизнес форум 29.03.2018

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 29 то 31-уми марти соли 2018дар МД «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» баргузор мегардад. Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Иди Наврӯз ташкил карда шудааст.

Кушодашавии расмии намоишгоҳ — 29-уми март, соати 10:00.

Вақт ва рӯзҳои кории намоишгоҳ 29-31 марти соли 2018 аз соати 9:00 то 17:00.

Дар доираи Намоишгоҳи мазкур рӯзи 29-уми марти соли 2018, соати 15:00 дар толори МД «Кохи Борбад» ҳамоиши доираи соҳибкорон бо иштирокчиёни намоишгоҳ баргузор мегардад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабиниҳои мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассал: 223 06 69, 221 08 71,

Последние записи