Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия”

            

Дар асоси Супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми апрели соли 2018 дар Осоишгоҳи “Хоҷа Оби гарм” гурӯҳи корӣ бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмиллалӣ  оид ба ҳуқуқ ва рушд (ИДЛО) ҷиҳати идома бахшидан ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия” ҷаласаи навбатиро баргузор намуд.

Бо ин мақсад 3-юми июни соли 2017 аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия” тасдиқ гардид. Бояд қайд намуд, ки ҳайати гурӯҳи корӣ аз намояндагони Дастгоҳи иҷроиявии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбитражи байналмиллалии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Қабул намудани Қонун дар бораи медиатсия ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба муносибатҳои тиҷоратӣ ҷалб мешаванд, имконияти тарзи ҳалли баҳсҳоро бо усули алтернативӣ пешбинӣ намуда, ба ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мусбӣ арзёбӣ мегардад. Илова бар ин, фаъолияти падидаи бонуфуз мисли Маркази медиатсия ва ҳуқуқ, ки дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2017 таъсис дода шудааст,  дар ояндаи наздик дар ҷумҳурӣ мушкилоти ҳалли баҳсҳои тиҷоратиро байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ба воситаи нарасидан ба баҳсҳои судӣ осон гардонида, онҳоро аз хароҷотҳои зиёдатии молиявӣ ва фазои ҳуқуқӣ озод мекунад. Ин омилҳо аз зарурияти саривақтии баррасии ин масъала дар кишвар шаҳодат медиҳад. Айни замон аз ҷониби чандин корпоратсияҳои бонуфузи ҷоҳонӣ усули медиатсия мавриди истифода қарор дода мешавад ва тибқи таҳлилҳо масъалан дар ИМА 97 фоизи баҳсҳо тариқи ин усул ҳалли худро меёбанд.

Масъалаҳои ҷойдошта бо дарназардошти манфиати ҷонибҳо, имконияти дарёфт намудани роҳҳои гуногуни баррасии баҳсҳо, камхарҷӣ ва саривақт     ҳалли худро ёфтани онҳо бо истифодаи медиатсия ба ҷонибҳо шароити хубро фароҳам меоварад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

То ба имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ гузаронида шудааст.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Последние записи