Выставка товаров Беларусь в г.Душанбе

Ба роҳбарон,  аъзоёни

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 15 то 17майи соли 2018 дар бинои МД “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” (Манеж)-и ш. ДушанбеНамоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти саноатии истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус ва Анҷумани соҳибкорон бо ҷалби доираҳои соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон баргузор мегардад. Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 150 ширкатҳои бонуфӯзи Ҷумҳурии Беларус ширкат меварзанд.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти саноатии истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус ва Анҷумани соҳибкорон бо ҷалби доираҳои соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон даъват менамоем.

Аз рӯз ва вақти баргузории намоишгоҳ ва анҷуман ба таври илова ба маълумоти Шумо расонида мешавад.

Сурога: ш. Душанбе, к. Спортивная 2. (Манеж)

 Список предприятий Национальной выставки Республики Беларусь в Республике Таджикистан

Замима: Рӯйхати иштирокчиёни ҷониби Ҷумҳурии Белорус.

 Барои маълумот: 

Тел: 2230669,  2210871

Emailmembers.tpptj@gmail.com

Последние записи