Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Ба роҳбарон,  аъзоёни

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

           Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти  Шумо мерасонад, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №22-1/10, аз 02. 05. 2018 сол рӯзи 10-уми майи соли 2018, соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шиносоӣ ба имкониятҳои сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон баргузор мегардад.

         Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба ин чорабинӣдаъват менамоем.

                        

         Барои маълумот: 

         Тел: 2230669,  2210871

         Email: members.tpptj@gmail.com 

Последние записи