Намоишгоҳи «Экспо Хитой Аврупо Осиё — 2018»

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

              

             Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хоса ва миннатдории беандозаи худро ба Шумо баён намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 30 августи то 8 сентябри  соли 2018 дар  Маркази Намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин намоишгоҳи «Экспо Хитой Аврупо Осиё — 2018»  баргузор мегардад.

Дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои истеҳсолӣ аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳои Аврупову Осиё маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ ва нассоҷӣ, ҷавоҳирот аз сангҳои қимматбаҳо ва таҷҳизоти замонавии истеҳсолиро пешниход менамоянд.

             Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур  даъват менамоем.

Маълумоти бештарро шахсони тавваҷӯҳдошта метавонанд аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ www.caeexpo.org пайдо намоянд.

 

Последние записи