Нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 июли соли 2018  ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011  № АП-1729, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 26/10-133 аз 12.07.2018с. дар Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма: АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета», «Тоҷикистон», «Халқ овозӣ», “Минбари халқ”, “Фараш”,   муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо»,  “Мир”,  “Душанбе”, “Сафина”, радиоҳои  «Ховар», «Садои Душанбе», “Озоди”, журнали “Илм ва  Ҳаёт”  ва ғайра иштирок намуданд.

Ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ахбороти Раиси Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар нимсолаи якуми соли 2018 пешниҳод гардид.

Зикр карда шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат роҳҳои сиёсати давлатии инкишофи иқтисоди бозоргонии муосир, соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқии ҳифзшавандаи моликият, инкишофи Суди ҳакамӣ ва Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии мамлакатҳо аз рӯи тамоми намуди ҳаракат, Палатаи савдо ва саноат дар ин самт сиёсати инкишофи Бизнес-алоқа, истифодаи механизми самараноки инкишофи савдо ва интегратсияро пеш мебарад.

Муроҷиатномаи Раиси Палата Шариф Саид “Дар бораи ҳамкорӣ”, “Дар бораи содироти маҳсулоти кишоварзӣ” ба аксар давлатҳо дастрас гардид ва ин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат карда истодааст.

Палатаи савдо ва саноат бо аксар Палатаҳои ҷаҳон дар доираи тартибот самаранок ҳамкорӣ намуда, манфиати соҳибкоронро дар асоси фаъолияти Шӯроҳои корӣ таҷассум менамояд.

Дар шароити Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) Палата ба иштирокчиён оиди пешбурди экспертизаи мустақил, баҳодиҳии сифати маҳсулот, пайдо намудани иттилооти корӣ, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, баргузории муаррифӣ, мизҳои мудаввар, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо, Шӯроҳои корӣ, Бизнес-Форумҳа ва ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорон ва тренингҳо мусоидат менамояд.

Баъди хотимаи ахборот намояндагони васоити ахбор оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Палата саволҳо дода ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ба иштироккунандони вохӯрӣ иловатан варақаи иттилоотӣ ва дигар маводҳо пешниҳод карда шуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Последние записи