Хабарнигори УзА бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мусоҳиба баргузор кард

ДУШАНБЕ, 09.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид хабарнигори агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА» Ирисмат Абдухолиқовро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Ирисмат Абдухолиқов дар доираи дуюмин пресс-тури байналмиллалӣ, ки бо ташаббуси АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳӣ баргузор мегардад, дар Душанбе қарор дорад.

Зимни сӯҳбат Шариф Саид зикр кард, ки чанд сол пеш оид ба муносибатҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекстон ҳамагӣ як ё ду санаду мактуб дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мавҷуд буд. Давоми як соли охир, баъд аз сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон зиёда аз сад дархосту мактубҳо ба Палатаи савдо ва саноат аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони ҳарду мамлакат ворид гардида, ҳамин миқдор созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум миёни ширкату корхонаҳои тиҷоративу истеҳсолии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия ва пешбарӣ шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки нахустин намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии Ӯзбекистон моҳи апрели соли 2017 бо ташаббуси палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон, ширкати миллии намоишгоҳии «Узэкспоцентр», дастгирии ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти саноатии ширкатҳои тавлидотии Ӯзбекистон, ки аз мошинолоти гуногун, техника ва таҷҳизоти мухталифи барқӣ, мебел, фармасевтӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, чармӣ, транформаторҳо, тахтаҳои алюминӣ, таҷҳизоти омӯзишӣ ва лабораторӣ, маҳсулоти пластмассӣ, матоъ, либос, пойафзол, атриёт, палос, маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ва дигар молҳои рӯзгор, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар бозори минтақа муштариёни зиёд доранд, ба намоиш гузошта шудаанд.  Дар намоигоҳи мазкур беш аз 160 ширкату корхонаҳои тавлидотии Ӯзбекистон иштирок карда буданд.

Шариф Саид ҳамчунин хотираҳоро аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 9 марти соли ҷорӣ, зимни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев баргузор гардида буд ёдоварӣ намуд. Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтрам Шавкат Мирзиёев иштирок доштанд. Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ: 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фарматсевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

 

Сарварони ҳар ду давлати дӯсту ҳамсоя зимни тамошои намоишгоҳ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд, — зикр кард Ш.Саид.

Ҳамчунин дар он рӯзҳои таърихӣ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир шуд, ки дар он имконият ва иқтидори иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор муаррифӣ гардиданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори УзА иттилоъ дод, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои имкониятҳои бузурги истифоданашуда буда, вақти он расидааст, ки захираву имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ ва самаранок истифода шавад. Ин раванд ба баланд гардидани ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, дар заминаи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардумони ҳар ду кишвар мусоидат мекунад.

Сипас Хабарнигори ӮзА ба саволҳои худ посух гирифт ва дар бораи имкониятҳои иқтисодиву саноатии Тоҷикистон андешаҳои худро изҳор кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 10-11 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳати журналистон (пресс-тур) ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак  пешбинӣ шудааст. Дар он иштироки намояндагони агентиҳои иттилоотии давлатииҷумҳуриҳои узви ИДМ — ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА» ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани пресс-тур дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ, ки 15-16 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба нақша гирифта шуда буд. Он замон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯро, Директори генералии ТАСС (Россия) Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро ба ҳузур пазируфта буданд. Пресс-тур барои рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии пешсафи ИДМ дар доираи чорабинии бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар соли 2018 бахшида шудааст.

 

Последние записи