ТАБРИКНОМА

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Ба ифтиъори ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон аз номи кормандони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шуморо самимона табрик менамоям.

Боиси сарфарозист, ки мардуми шарифи Ватани азизамон бо дарки амиқи масъулияти баланди худ эҳсос менамояд, ки бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар тули бисту ҳафт сол роҳи пуршарафро тай намуд. Ин дастоварди беназир водор менамояд, ки ба қадри ин неъмати бузург расида, барои ҳифзи он ҳамеша кушиш намоем.

Ба Шумо дар ин Рӯзи муборак ва ҳамеша саломатии комил саодатмандӣ ва комиёбиҳои меҳнатиро таманно менамоям.

 

Бо камоли эҳтиром,

Раиси Палатаи савдо ва саноати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Шариф Саид

 

Последние записи