Ба ифтихори Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расо як сол қабл — дар Рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО-2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссари генералии Экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид,  дар байни 115 мамлакати ҷаҳон ва 22 ташкилоти байналхалқӣ  Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои якум мушарраф шуда, ба “Ҷоизаи  тиллои”-и Намоишгоҳи байналмилалии  махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017” сазовор гардид.

Ин ғалабаи таърихӣ яке аз дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, он дар соҳа аввалин маротиба ба шумор меравад.

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Последние записи