ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону вилояти Циндао, Ҷумҳурии Халкии Хитой

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

  Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки 18-уми сентябри соли 2018 соати 14:00 дар толори Меҳмонхонаи “Шератон” ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону вилояти Циндао,  Ҷумҳурии Халкии Хитой баргузор мегардад.

Мақсади баргузор намудани чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор,  дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба  ҳамоиши доираи соҳибкорон даъват менамоем.

         Бақайдгирӣ: 18-уми сентябри соли 2018, соати 13:30.

Суроға: ш. Душанбе, к.  С.Айни 48, Меҳмонхонаи “Шератон”.

Телефон барои маълумот:

         937004545,  2230669

Қаблан сипосгузорем.

Последние записи