ДАР БОРАИ ЭТИРОФ ВА БА ИҶРО РАСОНИДАНИ ҲАЛНОМАҲО И АРБИТРАЖИ ХОРИҶӢ

Баррасии масъалаи Арбитиражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон Роҳҳои самараноки алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратии Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ аз масоиле буд, ки 3-апрели соли равон дар Конфронси Миллї мавриди баҳси коршиносону масъулин қарор гирифт. Конференсияи мазкур дар мавзӯи ҷалби сармоягузории хориҷӣ тавассути Конвенсияи Ню-йорки аз соли 1958 «Дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ», бо дастгирии Маркази Миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи Савдою саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии Тоҷикагрофонд бо кӯмак ва сармоягузории Департаменти Давлатии ИМА ва Филиали Тоҷикистонии «Ҷомеаи кушода»- и Бунёди мадад баргузор гардид. Дар Конфронс зикр гардид, имрӯзҳо фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон авҷ гирифта, муомилоти иқтисодӣ суръат меёбад ва ташкил намудани механизми ҳуқуқие, ки тавонад ҳали таъҷилӣ, адолатона ва қонунии баҳсҳои бавуҷудомада, ҳифзи ҳуқуқи вайронкардашударо таъмин намояд, муҳим мебошад. Гуфта мешавад, яке аз роҳҳои самараноки алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. «Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ баҳсҳои ҳуқуқии иқтисодиро оид ба алоқаҳои тиҷоратии беруна ва дигар алоқаҳои байналмилалии иқтисодӣ дар байни ҳамагуна субъектҳои ҳуқуқ, агар ҷои ҷойгиршавӣ ва маҳалли зисти яке аз онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, инчунин дигар баҳсҳои хоҷагии хусусияти иқтисодӣ доштаро, ки бо созиши тарафхо барои ҳал намудан ба Арбитражӣ байналмилалӣ пешниҳод карда шудаанду қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намесозад, баррасӣ мекунад», — иброз дошт, директори Маркази Милли Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов З.А. Дар конфронс дар мавзўи: «Танзими ҳуқуқии фаъолияти Ҳакамони Байналмиллалии Иқтисодӣ (Тиҷоратӣ) дар ҶТ, Рањимов М.З «Меъёрҳои байнулмилалӣ-ҳуқуқии Ҳакамони Байнулмилалии Тиҷоратӣ», «Моҳият ва аҳамияти тасдиқсозии «Конвенсияи Ню-Йорк дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани қарорҳои судҳои хориҷӣ» барои Тоҷикистон, афзалият ва ҷанбаҳои манфии санадҳои мазкури байнулмилалӣ барои кишвари иштирокчӣ; Профессори кафедраи ҳуқуқи хусусии Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ, ҳаками МКАС дар назди ПСС ФР, узви Суди байнулмилалии ҳакамӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшинос Н.Г.Вилкова «Меъёрҳои байналмилалӣ — ҳуқуқии Ҳакамони Байнулмилалии Тиҷоратӣ», маърўзањо карда шуд. Дар рафти конфронс музокирањо ва саволњо низ аз љониби иштирокчин ба миён омад. Конфронс дар фазои хуби илмї гузаронида шуд.

Тоҷикистон ва паймони байналмилалии арбитраж

19.12.2005

Тоҷикистон барои нахустин бор дар роҳи ҳамроҳ шудан ба паймони байнлмилалии арбитраж ё ҳакамияти тиҷоратӣ талош меварзад. Ба ин хотир, бо пуштибонии бунёди Сорос, намояндагони порлумони Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ҳифзи қонун ва соҳибкорон зимни як нишаст дар Душанбе, пешнависи қонунро оид ба ҳакамияти тиҷоратӣ ва масоили умдаи марбут ба онро, мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштироккунандагони нишасти мазбур таъкид карданд, аз он ки ҳанӯз Тоҷикистон ба ин паймони байналмилалӣ ҳамроҳ нест ва додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, дар роҳи дифоъ аз корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ, саҳомӣ ва хусусӣ, ва ҳамчунин ҳуқуқу моликияти тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик ба таври бояду шояд саҳм намегирад, дар ин самт, мушкили зиёд ба вуҷуд омадааст. Маҳмад Забиров, намояндаи порлумони Тоҷикистон ва муаллифи пешнависи қонуни мазбур, дар ин робита мегӯяд: «Мо мехоҳем, зимни чунин нишастҳо, мубодилаи афкорро дар ҷомиъа ба вуҷуд орем ва зарурати қабули чунин қонунро ба мардум, бахусус соҳибкорону тоҷирони кишвар фаҳмонем.» Ҷаноби Забиров бо ёдоварӣ аз таърих гуфт, додгоҳи арбитраж ё ҳакамияти тиҷоратӣ барои мардуми порсизабон падидаи нав ё бегона нест, балки ҳанӯз дар рӯзгори бостон вуҷуд доштаву ҳуқуқу моликияти тоҷирон ва мулкдоронро ҳимоя ва қазияву мушкили дар миёни эшон ба вуҷуд омадаро ҳаллу фасл мекардааст: «Ҳанӯз дар замони қадим шоҳ Доро талаб кардааст, қазияи дар миёни ӯ ва хешовандонаш бавуҷудомадаро додгоҳи тиҷоратӣ баррасӣ кунад. Ин 3400 сол қабл буд.» Дар ҳамин ҳол, Мурод Саъдуллоев, як соҳибкори тоҷик, зимни пуштибонӣ аз чунин як иқдом ва таъсиси додгоҳи арбитражӣ дар кишвар гуфт, панҷ соли қабл вай дар фаъолияти соҳибкорӣ бо як корхонаи тиҷоратии бритониёӣ, мушкил пайдо кардааст. Аммо додгоҳи арбитражи Бритониё ва додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон натавонистанд, ҳуқуқи ӯро ҳамчун соҳибкор ва моликияти корхонаи ӯро ҳимоя кунанд: «Мо ки он вақт таҷрибаи кофӣ надоштем, бовар кардем ва бидуни огаҳӣ аз қавонини байналмиллӣ ба ҳуҷҷатҳои корхонаи Бритониёӣ имзо гузоштем ва дар натиҷа зарари моддӣ дидем.» Зӯҳро Ҳалимова, намояндаи Бунёди Сорос дар Тоҷикистон, мегӯяд, феълан дар ин кишвар, кулли заминаву имконот барои қабули чунин як қонун ва ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба паймони байналмилалии ҳакамияти тиҷоратӣ вуҷуд дорад: «Ҳоло ки иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба тарққӣ овардааст,сармоягузорони хориҷӣ ба ин кишвар таваҷҷӯҳи хоса доранд, ҳатман бояд Тоҷикистон ба конвенсияи байналмилалии ҳакамияти тиҷоратӣ шомил шавад. Чунки ҳар як сармоягузор

мехоҳад пулу молаш ҳимоят карда шавад.» Бино ба итиллоъи бунёди Сорос, дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби як гурӯҳи кории иборат аз намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии масоили ҳуқуқ ва тартибот, порлумони Тоҷикистон ва палатаи тиҷорат ва саноати кишвар, пешнависи қонун дар бораи додгоҳи арбитраж ё ҳакамияти тиҷоратӣ омода мешавад. Ҳамчунин барои нахустин бор дар палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, як маркази машваратии ҳуқуқӣ барои соҳибкорон ва тоҷирон ташкил ёфтааст, ки қарор аст, ба эшон оид ба қонуни мазбур ва дигар масоили марбут ба ҳакамияти тиҷоратӣ машватартҳои ройгон диҳад.