Нақши Палатаи савдо ва саноти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори ҳуқуқъ тиҷоратии байналмиллалӣ

Шариф Саид – раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби президенти Шӯрои Конгресси байналмиллалии саноатчиён ва соҳибкорон, раиси Раёсати Шӯрои кории Созмони Њамкориҳои Шанхай

Нақши Палатаи савдо ва саноти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори ҳуқуқъ тиҷоратии байналмиллалӣ

Имрӯз бо пешрафти ислоҳоти демократӣ дар озодандешӣ ва такмили сохтори идоракунӣ, иқтисоди Тоxикистонро бе сармоягузории бузурги хоричӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Яке аз омилҳои дохил шудани сармоягузор ба бозори Тоҷикистон ин мавҷудияти шароит барои ҳалли баҳсҳои тиҷорати байналмилалӣ дар ҳолати пайдо шудани онҳо, ки ҳалли бошууронаро талаб мекунад, мебошад. Бо шарофати холисона, тез ва ҳалли баҳсҳои камхарҷ, арбитражи тиҷоратии байналмиллалӣ дар миёни субъектҳои гардиши молу хизматрасонӣ эътирофи зиёдеро касб менамояд.

Дар ин матн ба ақидаи ман дохил намудани тартиби холисонаи ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии иқтисодии хориҷии бахши хусусӣ – Арбитражи тиҷоратии байналхалки яке аз омилҳои мӯҳим дар вақти қарори сармоягузорӣ ва тиҷоратиро қабул намудан ба ҳисоб меравад. Ин муҳим аст, хусусан барои он, ки Иттиҳоди Аврупо ва ИМА баҳсҳои тиҷоратиро бо содиркунандагони кишварҳои узви ИДМ бо низоми Созмони умумиҷаҳонии савдо, бо ҷалб намудани доварони мустақил муҳокима менамоянд. Шаффофият дар танзим намудани баҳсҳои тиҷоратӣ дар вақти баамалбарории лоиҳаҳои дарозмуддат обрӯйи кишварро баланд мебарорад. Аллакай имрӯз иқтисоди Тоҷикистон барои савдои байналхалқӣ кушода аст. Аз ҳамин сабаб рушди робитаҳои тиҷорати умумиҷаҳонӣ судҳои арбитражиро бисёр серталаб мегардонад.

Институти арбитражи тиҷоратии байналмиллалӣ аз ҷониби иштироккунандагони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба муносибатҳои тиҷоратӣ ҷалб шудаанд ва намуди алтернативӣ нисбат ба судҳои миллӣ дар ҳалли баҳсҳо буда, ба баҳогузории ҷолибияти сармоягузорӣ ба таври мусбӣ таъсир мерасонад, истифода бурда мешавад. Вале аз сабаби дар ҷумҳурӣ мавҷуд набудани санадҳои қонунии мувофиқ оид ба арбитражи тиҷоратӣ, баҳсҳои тиҷоратӣ дар дигар давлатҳо баррасӣ карда мешаванд. Барои соҳибкорони тоҷик – иштироккунандагони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ин ҳолат мушкилиҳои муайянро эҷод мекунад, ки бо хароҷотҳои молиявӣ то кишвари муайяншуда ва баръакс вобаста мебошанд ва аз ин сабаб онҳо дар баррасии баҳсҳо иштирок карда наметавонанд. Ин омилҳо саривақтӣ будани масъалаи ҷорӣ намудани механизми Арбитражи Байналмиллалии Тиҷоратиро дар Тоҷикистон муайян мекунанд.

Барои таъмини ҳаматарафаи ҳимояи ҳуқуқи манфиатҳои иқтисодии сектори хусусӣ ва ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ дар моҳи июни соли 2007 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Барномаи ислоҳоти ҳуқуқӣ тасдиқ гардид. Аз ҳамин нуқтаи назар бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шуъбаи тоҷикистонии ҷамъияти кушодаи «Фонд Содействия», Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар соли 2005 дар назди ПСС ҶТ маркази дастгирии ҳуқуқӣ барои рушди сохторҳои доимоамалкунандаи Суди ҳакамӣ ва Арбитражи тиҷоратии умумиҷаҳонӣ ташкил кард. Фаъолияти Марказ ба шиносоии васеи ҷомеа бо кори судҳои ҳакамӣ ва арбитражи тиҷоратии умумиҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии соҳибкорон, пешниҳод намудани машварати ҳуқуқӣ ба ҷамъиятҳои соҳибкорӣ ва инчунин кумак ба омода намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» ва «Арбитражи тиҷоратии байналхалки» равона гардидааст.

Бо натиҷаи кори ин лоиҳа дар Тоҷикистон дар заминаи Маркази мазкур ташкил кардани арбитражи тиҷоратӣ ва суди ҳакамӣ дар назар аст. Мутахассисони Марказ ҷиҳати дар назди ПСС ҶТ ташкил кардани судҳои ҳакамии доимоамалкунанда ва баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ байни субъектҳои хоҷагидорӣ санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ омода кардаанд. Қадами аломатӣ дар низомномаи ҳуқуқии ташкили арбитражи тиҷоратии умумиҷаҳонӣ аввалин конфронси илми-таҷрибавии ташкил намудаи ПСС ҶТ дар якҷоягӣ бо Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намояндагони шуъбаи тоҷикистонии Донишкадаи Ҷамъияти кушодаи «Фонд Содействия» ва Академияи умумирусиягии савдои хориҷи шуд, ки моҳи апрели соли 2006 дар Душанбе гузашт. Кори конфронс бо иштироки вакилони парлумон, намояндагони дастгоҳи иҷроияи

Президенти Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди иқтисодӣ, вазоратҳои иқтисод, молия, намояндагонитиҷорат, олимон ва мутахассисони Донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мактабҳои олии кишвар ва инчунин коршиносони байналхалқии Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ, судяхои ПСС ФР Н.Г. Вилкова, К.И. Девяткин, М.Ю. Савранский ва ғайраҳо бо баҳсу муҳокимаҳои ҷолиб гузашт. Диққати ҷиддӣ ба масъалаи таъмини дастрасӣ ба низомдарории тартиботи қонунгузорӣ, усулҳои алтернативии ҳалли баҳсҳо дар Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалки маъмул, таҳлили қонунгузорӣ ва таҷрибаи арбитражи тиҷоратӣ дар Федератсияи Русия ва кишварҳои пешқадам равона гардида буд. Инчунин нақши ПСС ҶТ дар рушди донишкадаи Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ барои пешрафти тиҷорат ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон муҳокима гардид. Натиҷаи муҳими конфронс — кабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 дар бораи «Суди ҳакамӣ», тасдиқи мавқеи Суди ҳакамӣ дар назди ПСС ҶТ, ва инчунин Рӯйхати судяҳои ҳакамӣ гардид. Баъди ба ҳукм даромадани Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» /5.01.2008,№344/ дар таҳти ПСС ҶТ 14 апрели соли 2008 суди доимоамалкунандаи ҳакамӣ ташкил гардид. Ҳайати раёсати ПСС ҶТ низомномаи Суди ҳакамӣ, мавқеъ дар бораи баҳсҳо ва рӯйхати доваронро тасдиқ намуд. Рушди алокаҳои хоҷагӣ ҳалли мутаммадини баҳсҳоро металабад. Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ ва Суди ҳакамӣ маҳс барои ҳамин мақсад хидмат мерасонанд.

Перспективи рушди Суди ҳакамӣ ва арбитражӣ дар Тоҷикистон бо иштироки васеъи коршиносони дохиливу хориҷӣ ҳамчун 2-юмин конфронси байналхалқии Душанбе (майи 2008) ном гирифт, ки дар он масъалаҳои пайвастани ҷумҳурӣ бо конвенсияи Ню Йорк /с. 1958/ «Дар бораи эътироф ва дар амал қарор гирифтани қарорҳои арбитражи хориҷӣ» дида баромада шуд. Иштирокдорони конфронс зарурияти пайвастани Тоҷикистонро ба конвенсияи Ню йорк тарафдорӣ намуданд.

«Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ дар назди палатаҳои савдо ва саноат ҳамчун як аъзои соҳибэтирофи арбитражӣ дар миқёси ҷаҳон шинохта мешавад», иброз дошт Директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, узви илмӣ-машваратии Суди олӣ ва олии иқтисодии ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмад Раҳимов дар конфронси миллӣ бахшида ба рушди Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ дар ҶТ (апрели 2010) ва инчунин илова намуд: «Таҷриба нишон медиҳад, ки Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ дар назди палатаҳои савдо ва саноати зиёда аз 150 кишвар босамар фаъолият менамояд ва муносибати беғаразонаашро ба натиҷаҳои баррасии баҳсҳои тиҷоратӣ ва манфиаташро дар ёфтани роҳҳои ҳалли проблемаҳои тисорат исбот кардааст». Зарурияти рушди намудҳои алтернативии танзими баҳсҳоро фаҳмида ҳамаи муҳимият ва самаранокии арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ дар Тоҷикистонро, ки сиёсаташ ба дастгирb ва рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ равона гардидааст, зарурияти қатъии қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арбитражи тиҷоратии байналмиллалӣ ба миён омадааст. Ҳамзамон, зарурияти қабули қонуни мазкурро шартномаҳои байналмиллалии ҶТ аз ҷумла: созишномаҳо оид ба ҳифзи муштарак ва ҳавасмандкунии сармоягузорӣ, ки механизми ҳалли баҳсҳои сармоягузориро дар Арбитражҳои байналмиллалии тиҷоратӣ пешбинӣ мекунад, талаб менамоянд. Дар ҳамин робита, арбитражи байналхалқӣ ҳамчун шакли одилонаи ҳакамӣ барои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бисёр муҳим мебошад. Дар маҷмуъ имрӯз ин шакл барои ҳалли баҳсҳои савдои хориҷӣ ва сармоягузорӣ муфид мебошад. Ин ба сармоягузорон имконияти нигоҳ доштани сири тичоратиро фароҳам меорад.

Бартарияти Арбитражи байналхалқӣ дар новобаста аз давлат ширкат варзидани тарафи сеюм бо мувофиқаи тарафҳои баҳскунанда имконияти муроҷиати дилхоҳ тарафи мувофиқагардидаи арбитраж ва ҳайати иштирокдорони баҳс; суръати омӯзиш ва қарори қатъии арбитраж маҳсуб меёбад. Ғайр аз ин мувофиқа дар супурдани баҳс барои омӯзиш ба арбитражи байналхалқӣ дар сатҳи шартномаи давлатӣ ба имзо мерасад ё дар чорчубаи шартномаҳо миёни сармоягузор ва давлати қабулкунандаи сармоя. Ин дар навбати худ кишварҳоеро, ки кушиши ҳимояи сармояи шаҳрвандони худро дар кишварҳои хориҷа доранд ҳавасманд мегардонад то чунин шартнома ба имзо расонанд. Дар баробари ин ташкил намудани арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ дар кишвар дар омода намудани мутахассисони байналмилаллии ҳуқуқи оммавӣ ва шахсӣ мусоидат менамояд. 14 августи соли 2012 Чумхурии Тоҷикистон 147-умин кишвар аст, ки конвенсияи Ню Йорк, ки 12 ноябри соли 2012 ба ҳукми қонун

даромада буд, гашт. Мафҳумаш дар он аст, ки қарори дар миқёси як кишвари аъзои Конвенсия қабул гардида дар дигар кишвари аъзои Конвенсия иҷро мегардад. Қабули ин Конвенсия моҳияти амалкунандаи муҳофизати сармоя ва амалигардонии шартномаи дуҷониба дар бораи ҳимояи дутарафа ва ҳавасмангардонии сармояи баимзорасидаи миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки дар навбати худ кишвари моро барои сармоягузорони зиёдтар ҷолиб мегардонанд ба беҳгардонии обрӯйи байналхалқии кишвар мусоидат мекунанд ва ба ширкатҳои тоҷикистонӣ дастрасӣ ба ворид гаштан ба тартиботи ҳуқуқи тиҷоратии байналхалқиро фароҳам меоранд.

Пайвастан бо Конвенсия Ню Йорк қадами муҳиме барои Тоҷикистон дар роҳи воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо маҳсуб меёбад. Аъзогии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо робитаҳои иқтисодӣ-савдоии Тоҷикистонро ба шарикони хориҷӣ ва хориҷи дур беҳ гардонид, ки дар навбати худ тартиботи мӯҳими ҳалли баҳсҳоро бо ширкати таҷрибаи байналхалқӣ ва меъёри Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъол гардонид. Дар ҳамин замина ин кафолат барои иҷозаи савдо ва баҳсҳои сармоягузорӣ дар мувофиқа бо меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқии эътирофгардида ва инчунин шароити хуб барои пешбурди тиҷорат ва ҷалби сармояи хусусиро фароҳам меорад.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро барои рушди Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ ба харҷ медиҳад ва семинарҳоро барои омода намудани доварони байналхалқӣ мегузаронад. Дар ҳамин ҳол бисёр мавзуҳоро ба ҳуқуқшиносон, ба судяхо ва судяҳо омузонидан лозим меояд. Ғайр аз ин дар заминаи Маркази дастгирии ҳуқуқӣ дар бораи рушди ҳамеша амал намудани донишкадаҳои судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои тиҷораии байналхалқӣ, доир намудани вохурихо бо соҳибкорон дар мавриди нақши Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ дар ҳимояи манфиатҳои тиҷоратӣ доир карда мешавад. Ҳалли чунин масоил вақтро талаб менамояд. Дар вақти коркарди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ», Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам тавсия ва пешниҳодҳои худро иброз дошт. Айни замон нақшаи мазкур аз тарафи Ҳукумат дар раванди омӯзиш қарор дорад. Рушди босуръати ташаккулёбии таҷрибаи васеи таъмини самараноки ҳалли баҳсҳои байналмиллалии тиҷоратӣ, ки бояд дар ҳар як давлати мутамаддин ба иқтисодиёти бозаргонӣ ҷой дошта бошад, рафта истодааст.