Варақаи иттилоотӣ оиди фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2018

 

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Палата дар давраи ҳисоботӣ дар ҷараёни фаъолияти худ бо мақсади ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ мувофиқ намудани фаъолияти корхонаҳои хурду миёна, барои онҳо дар мавзўҳои мубрам мизҳои мудаввар, семинару конференсияҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини иштироки  кормандони бахши хусусӣ дар намоишгоҳҳои миллӣ ва байналхалқӣ, тайёр кардани кадрҳо барои корхонаҳои хурду миёна, аз рўи дархости онҳо гузаронидани экспертизаҳои пуррагӣ миқдории  молу маҳсулот, барасмиятдарории фаъолияти иқтисодии хориҷии онҳо (додани сертификати кишвари тавлиди мол) ва расонидани дигар намудҳои хизмат як қатор корҳоро ба иҷро расонида аст.

Бо мақсади васеъ намудани муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд Палата дар соли 2018 ба унвони палатаҳои давлатҳо, минтақаҳо ва шаҳрҳои калони кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 1500 муроҷиатнома ва пешниҳодҳо ирсол намуда, бо 42 палатаҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. 

Дар масъалаи таҳкими фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ  ва танзими муносибатҳои соҳибкорон бо шарикони хориҷии онҳо нақши Шӯроҳои Корӣ хеле калон мебошад. Дар давоми солҳои 2018 Палата бо  Палатаҳои савдо ва саноати  Федератсияи Россия, Қазоқистон,  Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ҷаласаҳои Шӯрои  Корӣ  баргузор  намуд, ки дар он бисёр масъалаҳои мубрам баррасӣ гардида, манфиати соҳибкорони  ҷумҳурӣ ҳимоя карда шуд.

Баланд бардоштани савияи касбӣ ва сатҳи дониши кормандон бо роҳи гузаронидани семинару конференсияҳо ва тренингҳо яке аз воситаҳои самараноки дастгирии бизнес-сохторҳо ва элементи муҳими пешбарии фаъолияти бахши хусусӣ мебошад.

Ҷиҳати фаъол гардонидани муносибатҳои корӣ бо роҳбарон ва намояндагони палатаҳои давлатҳои хориҷӣ,  сафоратҳо, ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону тоҷирони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарон ва кормандони палатаҳои марказӣ ва вилоятӣ дар соли 2018 – 498 вохўриҳо гузаронида,  дар ташкил намудани 34 форуми доираҳои соҳибкорӣ, 41 конференсияю семинарҳо, 53 мизҳои мудаввар иштирок намуда, бо рўзноманигорон 49 маротиба нишасти матбуотӣ доир намуданд. 

Ҷиҳати шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо  намудани шарикони ҳамкор бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта зиёда аз 900 нафар соҳибкорони ватанӣ аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан карданд.

Дар доираи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ» дар назди Палата  Арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ таъсис дода шуда, роҳбари он тасдиқ карда шуд. Дар соли 2018   Арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ ба фаъолият шурўъ намудааст.

Ҷиҳати расонидани кўмак ба корхонаҳои хурду миёна ва бахши хусусӣ, ки бо содироту воридоти молу маҳсулот машѓул мебошад, дар назди Палата «Маркази хизматрасонӣ» ташкил карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ масъалаи дастгирии моддии бепарасторон, оилаҳои камбизоат, маъюбону собиқадорони ҷанг ва кӯдакистонҳо пайваста дар маркази диққати роҳбарият қарор дошт. Дар ин давра ба ниёзмандон ва зарардидагони офатҳои табиӣ  81,41 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. 

      Вохуриҳои баргузоршуда бо роҳбарияти ПСС ҶТ:  бо Сафири Фавқуллода ва мухтори Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич;   Сафири Фавқуллода ва мухтори Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Олег Иванов;  Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Залмай Юнуси; Сафири Фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов; Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тарик Икбол Соомро; Сафири Фавқуллода ва мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедеар; Котиби якуми оид ба сиёсат ва иқтисоди Сафорати Индонезия дар Остона Пакпаханом; Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хаджимэ Китаока. Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рифат Кёксал, Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурланом Сейтимовым, Президенти ПСС Ҷопон Тору Ишида, Раиси ПСС Ӯзбекистон Адхам Икромов, Атташеи тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Файзиддином Гияси, Атташеи тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Рашид Имтияз, Раиси Шӯрои кории СҲИ, Муовини Раиси кумитаи Хитой оид ба дастгирии рушди савдои байналмиллалӣ Чэнь Чжоу, Мушовири савдои Сафорати Австрия дар Тоҷикистон (бо иҷомат дар Остона)  Рудолф Талер, Муовини сардори миссияи дипломатии, Мушовири Консули Сафорати Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бо иҷомат дар Остона) Шандора Дороги.

       Ҳамчунин вохуриҳо бо:

Менеҷер оид ба корҳои Донишкадаи Олмони Арбитражи тиҷоратӣ Доктор Антонида Нетцер, корманди илмии Донишгоҳи Гинсбург Доктор Қудратов Манучеҳр, Раиси Шӯрои Конгресси соҳибкорон ва саноатчиён Тарлев Василий Павлович, Менеҷери ширкати D’ORO Gold Moving Company Марио Дэ Канио, Раиси Шӯрои Иттиҳоди Палатаҳои савдо ва саноати вилояти Рязани Федератсияи Россия  Олексей Яшкин, Котиби Генералии Палатаҳои савдо ва саноати Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ECO-CCI) Адем Кула, машваратчии калон оид ба таҷрибаи глобалии ташкилоти DAI Шеннон Гаффни, Муовини Раиси Палатаҳои савдо ва саноати музофоти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Сайфиддини Соис, ҳайати иқтисодии шаҳри Синдаои ҶМЧин, Директори барномаҳои ширкати ACDI/VOCA Арташес Гандилян, Менеҷер оид ба рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ Шохбоз Асадов, Ҳайати соҳибкорони Урдун, Ҳайати Ҳукуматии шаҳри Сяоҷоу бо сардории Муовини Раиси шаҳри Сяоҷоу Ли Баошуай, Аъзои парткоми КПК музофоти Хубей, Муовини якуми Губернатори Ҳукумати музофоти Хубей Хуан Чупин, Муовини раиси кумита оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории музофоти Хубэй Эйминг Дженг, Муовини сардори департаменти коммерсияи Ҳукумати мардумии СУАР Джоу Сян, Мумайизи байналмиллалӣ оид ба аккредитатсияи озмоишгоҳҳо ва бехатарии маҳсулоти хӯрока (SRI LANKA) Маркази савдои байналмиллалиӣ Упал Самарадҷеев, Ҳайати Чинӣ аз музофоти Юннан бо сардории Директори ширкат оид ба рушд ва реформаҳои музофоти Юнан Ян Хонбо, Директори Генералии Конфедератсияи занҳо- соҳибкорони ва намояндагони бахшҳои кории Ҷумҳурии Туркия (SANKON)  Незакет Эмине Атасой, Директори иҷроияи Бюрои «Дубай ЭКСПО — 2020» Надҷиб Муҳаммад Ал Али, Муовини Раиси шӯрои райони Донгдемуни шаҳри Сеул Сеул  О Сэ Чаи ва ғайра.

Созишномаҳои басташудаи байни соҳибкорон

 

-Директори ҶММ Холдинги Азия групп Тоҷикистон Рустам Саидов ва директори молиявии ҶДММ «СарыаркаАвтоПром» Ирина Миронова (истеҳсоли  автомобилҳо ва техника) созишнома оид ба Тоҷикистон ворид намудани 50 адад автомобилҳои ҶДММ «СарыаркаАвтоПром»;

– Созишнома оид ба додани ваколати дилери барои фурӯши автомобилҳои тамғаи JAC дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби директори ҶММ Холдинг Азия групп Тоҷикистон Рустам Саидов ва директори молиявии ҶДММ «СарыаркаАвтоПром» Ирина Миронова.

– Дар доираи Бизнес -Форуми Тоҷикистон-Ӯзбекистон 16 августи соли 2018 созишномаҳо ва шартномаҳо ба маблағи 100 млн. .доллари Амрикои ба имзо расонида шудааст.

– Дар доираи баргузории Шӯрои кории Тоҷикистону-Ӯзбекистон 8-уми марти соли 2018, 21 созишномаҳо ва шартномаҳо ба маблағи умумии 20 млн. .доллари Амрикои ба имзо расонида шудааст.

Ёддоштҳои тафоҳум

15 октябри соли  2018, в МД  «Библиотекаи миллӣ»,  дар доираи форуми соҳибкорон «Душанбе-2018»  Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо бо Мушовири ташкилоти ҷамъиятии вилояти Омски Федератсияи Россия “Иттиҳодияи Тоҷикистониён” ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;   

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо бо Мушовири ташкилоти ҷамъиятии вилояти Омски Федератсияи Россия “Иттиҳодияи Тоҷикистониён”  бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон.

Шӯроҳои корӣ:

 

Ҷаласаи якуми Шӯрои кории “Тоҷикистон-Қазоқистон”

 

Ҷаласаи якуми Шӯрои кории “Тоҷикистон-Қазоқистон” 9 августи соли 2018 бо иштироки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, Палатаи савдои берунаи Қазоқистон, доираи васеъи соҳибкорони ду давлат дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи Шератон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди тиҷорати ду давлат, дарёфти шарикони ҳамкор ва масъалаҳои мубрам, ки ба рушди тиҷорат монеа мебошанд дида баромада шудаанд.

 

Шӯрои кории  “Ӯзбекистон — Тоҷикистон”

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тоҷикистон 8-уми марти соли 2018 дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсӣ Ҷаласаи якуми Шӯрои кории “Тоҷикистон-Ӯзбекистон” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва доираи васеъи соҳибкорони ду давлат ва аъзоёни Шӯрои корӣ, баргузор гардид. Дар хотима Протоколи ҷаласаи якуми Шӯрои корӣ ба имзо расонида шуда ҳамчунин Харитаи роҳ низ ба имзо расонида шуд.

 

        Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи дуюми Шӯрои кории “Ӯзбекистон-Тоҷикистон” дар Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон рӯзи 18 августи соли 2018 бо иштироки аъзоёни Шӯрои кории ду давлат баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди тиҷорати ду давлат, дарёфти шарикони ҳамкор ва масъалаҳои мубрам, ки ба рушди тиҷорат монеа мебошанд дида баромада шудаанд. Дар хотима Протоколи ҷаласаи дуюми Шӯрои корӣ ба имзо расонида шуд.

      Бизнес-Форумҳо: 

9 марти соли 2018 дар доираи намоишгоҳи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Бизнес-Форуми соҳибкорони ду давлат бо иштироки тахминан 400 соҳибкорон ва ҳамчунин вохуриҳои дуҷониба баргузор гардид.

 

29 марта в Душанбе дар МД «Кохи Борбад», дар доираи Намоишгоҳи Универсалии байналмиллалии “Тоҷикистон-2018 Баҳор” Бизнес-форум бо иштироки аз 100 нафар зиёди соҳибкорони Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ,  ҶМЧин,  Беларус,  ВАО иштирокчиёни намоишгоҳ ва соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид..

22 апрел дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон бо иштироки аз 60 зиёд ширкатҳои вилояти Суғд Бизнес-Форум баргузор гардид. Дар ин чорабини 169 протоколҳо, ёддоштҳои тафоҳум ва шартномаҳо ба имзо расонида шудаанд;

5-6 май дар доираи баргузории намоишгоҳи вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон дар шиҳри Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес-Форуми байни соҳибкорони Сурхандарё ва Хатлон бо иштироки 60 нафар соҳибкорон баргузор гардид, ки дар доираи ин чорабини 8 протоколҳои ҳамкорӣ, ёддоштҳои тафоҳум ва шартномаҳо баи имзо расонида шудаанд;

8 май дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафири Бразилия Клаудио Линс (бо иқомат дар Исломобод) вохурии соҳибкорони ватанӣ бо Сафир баргузор гардид. Мақсади асосии баргузор намудани ин вохурӣ, пеш аз ҳамма ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои бахши хусусии ду давлат буд.

14 май дар МД «Библиотекаи миллӣ” дар доираи баргузории намоишгоҳи Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Бизнес-Форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид.

29 май в МД «Душанбе Плаза» Конфронси VI оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ якчанд Созишномаҳо ба имзо расонида шуданд. Аз он ҷумла: Шартнома содиротӣ барои ворид намудани минитранторҳо ва таҷҳизотҳои овеза барои тракторҳо байни ҶММ «Трактор» ва ҶДММ «Сароб»  ва Созишномаи ҳамкории байни палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Липетски Федератсияи Россия. Ғайр аз ин дар доираи ин чорабинӣ низ вохуриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Федератсияи Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

 

7 июн Раиси ПСС ҶТ Шариф Саид дар доираи иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои кории СҲИ дар шаҳри Пекини ҶМЧин дар Бизнес-Форум бо иштироки Муовини Президенти Федератсияи саноатчиён ва савдои Синсян Хэнан  Ли Куйинг, Раиси ҳимояи экологии вилояти Кайякун  Джавен, бо Чанг Джонченгской гурӯҳи саноатчиён ва ширкати истеҳсолии техникаҳои сохтмони музофоти Юнтян Кран Лтд иштирок намуд.

 

28 июн  дар шаҳри Душанбе дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Биҳнес-Форуми доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бо иштироки тахминан 50 соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид.  

16 август, дар толори конфронсии «Амир Темир» меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» дар доираи оғози саршавии сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ва ҳамчунин дар доираи намоишгоҳи саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Бизнес-Форуми «Тоҷикистон — Ӯзбекистон», ки ба рушди ояндаи бахшҳои хусусии ду давлат бахшида шуда буд, баргузор гардид.

18 сентябр  бо маҷсали рушди ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар шаҳри Душанбе Бизнес-Форуми «Тоҷикистон-Синдао”», ки яке аз чорабиниҳои калони минтақавии Чин-СҲИ ба ҳисоб меравад, баргузор гардид.

10 октябр дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ Бизнес-Форуми сеҷонибаи Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, ва мавзуъи асосии он ин васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоратии се давлат ба ҳисоб рафта бо иштироки доираи васеъи вазорату идораҳои давлатӣ ва бахшҳои хусусии се давлат баргузор гардид.

19-20 октябр в ш. Ухани музофоти Хубэй (ҶМХ) Форуме сармоягузорӣ ва байналмилалии дар соҳаи иҷтидори саноатӣ баргузор гардид ва дар он Раиси Палата имкониятҳои ҳамкориҳоро муаррифӣ намуд.

Намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо

 

-Намоишгоҳи “Кулчаканд – лаззатбахши хонаи мо” дар Маркази савдои Ёвар  07.03.2018с.                                                                 

–  Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар ш.Бохтари вилояти Хатлон 14.02.2018.

– Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази савдои “Ашан” 04.03.2018с.

– Намоишгоҳ –ярмаркаи миллии маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 09-17.03.2018с. дар МД “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”(Манеж).

– Намоишгоҳ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ дар мактаби байналхалқӣ  ва литсеи туркӣ 16.03 с.2018   

– Намоишгоҳи “Ҷавонон –муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарон ҳунарҳои мардумӣ” дар Муассисаи давлатии Боғи “Ирам” 17.03 с.2018.

– Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази савдои “Ашан” “Зардӯзи беҳтарин” бо иштироки ҳунармандони асили тоҷик баргузор гардид 17.03.2018с.                 

– Намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Наврӯз” 22.03.2018с. дар Муассисаи давлатии Боғи “Ирам”                              

– Намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Наврӯз” дар ш.Бохтари вилояти Хатлон 24.03.2018с.                                             

– Намоишгоҳи Байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018” дар МД «Кохи Борбад» 29-30.03.2018 с.           

– Донишгоҳи дизайнерӣ, Февтивали рассомон 29-31.03.2018 с.                   

– Намоишгоҳ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ дар вилояти Суғд дар ш.Бӯстон ҶДММ “Анҳор” 29.03.2018

– Намоишгоҳи Вазорати тандурустии ҶТ “Рӯзи саломатӣ” 07.04.2018               

– Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ “Ҳазору як ранги чакан” дар Маркази савдои “Ашан” 13.04.2017с.                                       

– Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гулдӯзии кишварҳои СҲИ дар ҳошияи Иҷлосияи 23-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ, 16-17.04.2018с. дар Муассисаи давлатии “Боғи “Ирам”                 

– Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳияи Шоҳмансурӣ ш.Душанӣе дар Муассисаи давлатии Боғи “Ирам”18.04.2018с        

– Ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази савдои Ёвар  хурокҳои миллӣ 28.04.2018с.          

– Фестивали расму ойин (ҳунарҳои мардумӣ) ва таомҳои кишварҳои хориҷиро дар Муассисаи давлатии  Боғи “Ирам” 12.05.2018                 

-Дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” Кумитаи сайёҳи ва рассомон 03.05.2018с.                  

 – Вазорати фарҳанг “Рӯзҳои фарҳангии Арабистони Сауди” дар театри давлатии «Опера ва балет»-и ба номи С.Айни  14.05.2018                           

 – Дар Муассисаи давлатии “Боғи “Ирам Кумитаи занҳо ҳунарҳои мардумӣ      14.05.2018        

– Намоишгоҳи сайёҳи баҳшида ба “Рӯзи оҳангарон” дар Муассисаи давлатии Боғи “Ирам” 15.05.2018              

– Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД “Мактаби  ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”(Манеж) 15-23.05.2018с.

– Намоишгоҳи дастовардҳои ҷавонон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”23.05.2018с

– Намоишгоҳи Кумитаи ҷавонон дар  “Коҳи афсарон” 04.06.2018с.          

Конфронси байналмиллалии сатҳи баланди оид ба 10-солаи байналмиллаии Амал ”Об барои рушди истувор 2018-2028” дар МД «Кохи Сомон» 20-22.06.2018                    

– Намоишгоҳи дар доираи ”Об барои рушди истувор-2018-2028” дар Муассисаи давлатии Боғи “Ирам” 21-22.06.2018             

– Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ дар саҳни осоишгоҳи “Зумрад”-и ш.Исфара вилояти Суғд  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ 29-30.06.2018с.        

– Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон бо ширкати PSP Traders & Services Pvt.Ltd-и  03-19.08.2018  дар  Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев  

-Намоишгоҳи Байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018”дар МД «Кохи Борбад» 10-13.08.2018 с.

– Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон бо ширкати PSP Traders & Services Pvt.Ltd-и  аз 24 август то 09 сентябри 2018  дар ш.Хуҷанд, вилояти Суғд                          

– Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон бо ширкати PSP Traders & Services Pvt.Ltd-и  аз 13-19 сентябри 2018  дар ш.Панҷакент           

-Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон бо ширкати PSP Traders & Services Pvt.Ltd-и  аз 23 август то 30 сентябри 2018   дар ш.Бохтари  вилояти Хатлон           

– Намоишгоҳ  ҶТ ва вохӯрии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ш.Тошканти Ҷ.У.17-21.08.2018

–  Намоишгоҳ- Фестивали Тоҷикистон “Душанбе” 18-19.08.2018 дар “Наврӯзгоҳи пойтахт

–  Намоишгоҳи рассомон  дар Донишгоҳи миллӣ 27-28.09.2018с.             

–  Намоишгоҳи Рӯзи забони давлатӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи “Ирам”      05.10.2018                

– Намоишгоҳи хунарҳои мардумӣ дар Муассисаи давлатии“Боғи “Ирам” 10-12.10.2018        

– Дар доираи баргузории мулоқоти вохӯрии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон – 15-16.10.2018 дар МД «Кохи Борбад» намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.

         Дар соли 2018 ба Палата 1243 маълумотҳои ахборотӣ ва 2346 мактубҳо, ки 710 тои онҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштааст.

Дар давраи ҳисоботӣ Палата ба 900 намояндагони бахши хусусӣ дар масъалаи иштироки онҳо дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо кӯмак расонидааст.

Дар сайти Палата 478 маълумотҳои ахборотӣ, ки аз дигар давлатҳо ворид гардидааст, ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин ёрии молиявӣ ба камбизоатон, маъюбон, хонаҳои кӯдакон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат ба маблағи 81,41 ҳазор сомони расонида шуд.

Ғайр аз ин аз ҷониби Палата:

–  49 нишастҳои матбуотӣ;

–  53 мизҳои мудаввар;

–  34 Бизнес-Форумҳо ва вохуриҳо бо бахшҳои сусусӣ;

–  41 конфронс ва семинарҳо;

–  50 намоишгоҳ ва ярмаркаҳо,

баргузор карда шуд.

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ тамоми кӯшишҳои худро барои дастгирии рушди соҳибкорӣ, аз он ҷумла соҳибкории хурду миёна, васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ иытисодӣ, баланд бардоштани имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ, кӯшиш ба харҷ дод.

Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ