Гузориш оид ба иштироки корхонаҳои вилоят дар Намоишгоҳи махсулотхои кишоварзй «Ноrti-Ехро»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон санаҳои 21-22 январи соли 2019

    Бо мақсади барпо намудани робитаҳои судманд байни давлатҳо, таквият бахшидан ба рушди устувори иқтисодиёт, фароҳам овардани иклими мусоид барои рушди сохибкорй, ҷалби сармояву воридоти технологияи нав ва дар ин замина ташкил намудани корхонахои нави истехсолй, ки ба густариши тиҷорати берунй, афзудани иктидори содироти бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкори бо Сафоратхонаи Ҷумхурии Исломии Покистон дар шаҳри Душанбе санахои 21-22 январ намояндагони ҶДММ «Зода» (истехсоли афшурахо) ва ҶСК «Негсигол» (истехсоли махсулоти кишоварзи) аъзоёни Палата дар Намоишгохи махсулотхои кишоварзй «Ноrti-Ехро» иштирок намуданд.

     Дар Намоишгохи махсулотхои кишоварзй «Ногti- Ехро», танхо махсулотхои кишоварзй ва техникаи хоҷагии кишлокӣ ин давлат ба намоиш гузошта шуда, дар доираи намоишгох Форуми байналмиллалй дар мавзуъи «Рушди содироти махсулоти озукаворй» баргузор гардид, ки дар кори форум намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.

     Дар доираи намоишгох  намояндагони корхонахо бо рохбарони як катор ширкатхо, марказхои тиҷоратй бо максади ба рох мондани содироти махсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди махсулот ва ташкили корхонахои муштарак вохурихои судманд доир намуданд.

      Дар ҷараёни сафар бо намояндагони ширкатҳои  «Orga Fruits Vegetabies», «Citrus Asia Enterprises» ва «ZFAAR Harmacgutical» оиди баркарор намудани хамкорихо гуфтушунидхо баргузор карда шуданд.

     Иштирок дар чунин намоишгоххо барои сохибкорон хеле манфиатовар мебошад, намояндагони ҶДММ «Зода» ва ҶСК «Негсигол» бо як таасуроти баланд баргаштанд ва миннатдории худро ба рохбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгири ва мусоидат ҷихати иштирок дар ин намоишгох иброз намуданд.

    Аъзоёни Палатаро мутахассиси кор бо аъзоён Иброхимов А.Ҳ. рохбалади намуд.