Намоишгоҳи “LOGIX 2019”, шањри Деҳлӣ, Ҳиндустон 31 январ – 02 феврали соли 2019.

     Намояндагони ширкату корхонањои ватанї – аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи логистика ва интиќоли байналмилалӣ фаъолият менамоянд бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии  “LOGIX 2019”, ки дар шаҳри Деҳлӣ, Њиндустон аз 31 январ то 02 феврали соли 2019 баргузор гардид, иштирок намуданд.

    Ҷаласаи серўзаи байналхалқии харидорон ва фурӯшандагон барои баланд бардоштани  самаранокии иқтисодиёт ва самаранокии фаъолияти тиҷоратї байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар рушди инфрасохтор, муттаҳидсозии анбор, ҳамгироии технологияҳо ва дастгирии технологияи иттилоотӣ дар соҳаи логистикї ва боркашї бахшида шуда буд.

    Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Федератсияи созмонҳои содиротии Ҳиндустон «FIEO», ки ин мақомоти асосии Ҳиндустон оид ба дастгирии содиротии Ҳиндустон ба шумор рафта, соли 1965 дар якҷоягӣ бо Вазорати  тиҷорат, Ҳукумати Ҳиндустон ва тиҷорати хусусӣ ва саноатї таъсис дода шудааст. Федератсияи созмонҳои содиротии Ҳиндустон «FIEO» шарики Њукумати Ҳиндустон оид ба мусоидат ба содироти Ҳиндустон мебошад.

    Дар Намоишгоҳи байналмилалии  “LOGIX 2019” вохӯриҳо дар шакли B2B доир гардида, зиёда аз 100 маводњои  иттилоотї дар бораи ширкатҳои хориҷӣ – иштирокчиёни чорабинии мазкур, љињати ҳамкории минбаъда ҷамъоварӣ карда шуд.