«Агротек-2019»

Ба  аъзоёни  Палатаи  савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосаи худро баён намуда,  ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз санаи  19 то 22 марти соли  2019 дар шаҳри  Давҳаи Давлати Қатар намоишгоҳи байналмилалии ҳафтуми кишоварзӣ «Агротек-2019» баргузор мегардад.

Дар намоишгоҳи мазкур  иштироки  доираҳои  ҳукуматӣ, вазорату идораҳои соҳави, сармоягузорон ва ташкилотњои хусусӣ ба накша гирифта шудааст ва дар рафти он маҳсулотҳои кишоварзӣ , хӯрокворӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ,  обёрӣ, моҳипарвар, муҳити зист ва инчунин технологияҳои нави соҳаҳои  мазкур муаррифӣ мешаванд.

         Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур  даъват менамоем.

         Маълумоти  бештарро шахсони тавваљўҳдошта  метавонанд  аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ: e-mail:tajemgatar@gmail.com   тел: +974 44-12-39-06 +974 44-98-46-94 пайдо намоянд.