Вохӯрии намояндаи ҶДММ «КҒ Светал» дар Палатаи Савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Мизи мудаввар бо намояндаи ширкати ҶДММ  «НПО Светал» 

           19-феврали соли 2019 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо Директори  ширкати ҶДММ  «НПО Светал»   Алексеенко Иван Анреевич  (шаҳри Барнаули вилояти Олтой) ва  корхонаҳои  соҳавии тоҷикистонӣ- аъзоёни Палата баргузор гардид.

         Зимни вохӯри Алексеенко И.А. фаъолияти корхонаро, ки бо истеҳсоли чароғҳои диодӣ равшандиҳанда барои равшаннамоии кўча ва таъиноти  саноатӣ, таҷҳизотҳои барқдиҳандаи инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза  машғул аст, муаррифӣ намуд.

         Дар доираи ин чорабиниҳо аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ оид ба истеҳсоли чароғҳои диодии равшандиҳанда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, низ маълумотҳои кофӣ дода шуда, ҷонибҳо пешниҳодҳои худро оид ба самтҳои ҳамкориҳои худ дар ояндаи наздик гуфтушунидҳо баргузор намуданд.

         Аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо оид ба созмон додани корхонаи муштарак барои қонеъ гардонидани талаботи бозори мамлакати ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, низ карда шуд.

 

Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ