Ғолибии ҶСП “Евро Азия 2005” дар Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизои “Продэкспо-2019”

        Бо дастгирии бевоситаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни Палата таҳти роҳбарии Омири кулли Палатаи савдо ва саноати Суғд Муҳаммедҷонов Муҳаммадҷон корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрока: ҶДММ “Нурфуд”, ҶСП “Евро Азия-2005”, ҶДММ “Саҳо и К” ва ҶДММ “Тавҳид ва компания” дар 26-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизои “Продэкспо-2019” иштирок намуданд.

      Бояд қайд намуд, ки намоишгоҳи мазкур яке аз намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он зиёда аз 2500 ширкатҳо аз 69 кишварҳои ҷаҳон аз он ҷумла: Белорусия, Гурҷистон, Туркия, Федератсияи Росия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, Олмон, Чин, Ҳолландия, Ӯзбекистон, Уругвай ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ширкат намуданд.

     Дар доираи ин намоишгоҳ озмуни байналхалқии “Маҳсулоти беҳтарин-2019” баргузор гардид, ки маҳсулоти ҶСП “Евро Азия-2005” обҳои ташнашикани “Хаватаг” ва “Лимонад №1” дар озмун ширкат варзида аз ҷониби аъзоёни ҳакамон обҳои нӯшокии беҳтарин дониста шуданд ва соҳиби дипломи фахрї, Ситораи тиллої ва Медали тиллоӣ гардиданд.

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ