Муҳтарам аъзоёни ПСС ҶТ !

     Пеш аз ҳамма Шумоёнро ва дар симои Шумоён тамоми аҳли кормандонатонро аз самими қалб бо 26-умин солгарди « Рӯзи  Артиши миллӣ », чун яке аз идҳои  хеле  муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, дар ин рўзи пурифтихор  рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва  саодатмандию  пирӯзиҳо таманно дорем.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем!

         Артиши миллӣ дар ҳар як давру замон чун кафолати рӯзгори  осоишта ва зиндагии  пурфароғати  хар шахрванд аст. Бигзор Артиши миллии мо низ хамеша  чун рамзи  саодатмандӣ ва  қудратнокии мардуми шарифи  Ватанӣ азизамон боқӣ монад.

Бо камоли эҳтиром.

         Раиси Палатаи савдо

         ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ.