«Торговля и услуги-2019»

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосаи худро баён намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаҳои 10-11 апрели соли 2019 дар шаҳри Ашқобод Ҷумҳурии Туркменистон ярмарка-намоишгоҳ ва конфронси байналмилалии «Торговля и услуги-2019» баргузор мегардад. Дар ярмарка-намоишгоҳ таҷҳизотҳои тиҷоратӣ, таҷҳизотҳои махсус барои маҳсулотҳои мевагӣ, молҳою асбобҳои гуногуни ғайриоддӣ барои корҳои кишоварзӣ,  нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, молҳоичармӣ, махсулоти саноати бофандагӣ, молҳои нассоҷӣ ва пойафзолҳо ба намоиш гузошта мешавад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Маълумоти  бештарро шахсони тавваҷӯҳдошта метавонанд аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ: www.youwanguo.cn пайдо намоянд.