Вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов

       28 феврали соли 2019 вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов баргузор гардид.

      Зимни вохурӣ, ҷонибҳо масъалаҳои рушди иқтисод ва савдо, аз он ҷумла масъалаҳои мукаммал гардонидани ҳамкориҳои бахшҳои хусусии дуҷонибаро дар соҳаҳои афзалиятноки ду давлат дида баромаданд. Қайд гардид, ки дар шароити бозоргонӣ талабот ба ҷоннок ва ҳавасманд намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва ба сатҳи нав баровардани онҳо мебошад – қайд намуд Ҷумъахонзода Ҷамшед.

     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои мусоид барои ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ муҳайё гардидааст. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия якчанд чорабиниҳоро мисли: бизнес-форумҳо, муаррифӣ ва вохуриҳо, барномаҳои намоишгоҳӣ ва фурӯшӣ ва  аз ҷониби Палатаи саво ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Намоишгоҳи универсалии байналмиллалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор»-ро, ки баргузории он аз 28 то 31 марти соли ҷорӣ дар МД «Кохи Борбад» ба нақша гирифта шудаанд, зикр намуданд. Дар ин намоишгоҳ иштироки доираҳои васеъи бахши хусусии Федератсияи Россия дар назар аст. Ҳаммаи ин барои баз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои бахшҳои хусусии ду давлат дар шароити рақобатпазирӣ мусоидат менамояд.

     Дар рафти мулоқот дар қатори масъалаҳои асосӣ, низ масъалаҳои созмон додани корхонаҳои муштарак, содироти маҳсулотҳо, сармоягузориҳо ва баргузории Бизнес-Форуми доираҳои соҳибкорони ду давлат дар фурсатҳои наздиктарин муҳокима гардиданд. Вохурии мазкур таваҷҷуҳи ҷонибҳоро ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ва васеъ намудани бозори фурӯшро нишон дод.

 

 

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ