Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар – ҷашни барои ҳамаи мо азизро аз номи кормандони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо самимона табрик мегуям.

       Боиси ифтихор аст, ки Шумо дар даврони истиқлолият бо заҳмати софдилонаи худ дар ҳифзи обрӯ ва шарафи мамлакатамон, дар пешбурди сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсафу сарбаланд ҳастед.
      Умедворам, ки дар ин сол ва минбаъд кору пойкори Шумо боз ҳам фаъолтар мегардад ва дар ин роҳи ниҳоят пурифтихор барори кор орзӯ менамоям.
     Бигузор, Рӯзи Модар – як рӯзе, ки ҷаҳонро дурахшон мекунад, ба Шумо саломативу хушбахтӣ ва хушрӯзиву саодатмандиро насиб гардонад.
Бо камоли эҳтиром, 
Раиси Палатаи савдо ва саноати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҷумъахонзода